Раиси Шаҳритӯс сабаби худкушии Нодирови 34-соларо гуфт

Раиси ноҳияи Шаҳритӯс тавзеҳ дод, ки чаро раиси ҷамоати деҳоти Ҷӯра Назаров даст ба худкушӣ зад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15 фев — Sputnik. Худкушӣ кардани раиси ҷамоати деҳоти Ҷӯра Назарови ноҳияи Шаҳритӯс сарусадоҳои зиёдро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба бор овард.
Зимнан ин ҳодисаи нохушро рӯзи 15 феврал дар нишасти матбуотӣ хабарнигорони маҳаллӣ аз раиси ноҳияи Шаҳритӯс пурсон шуданд. Ҷаббор Ғаффор, раиси ноҳияи мазкур изҳор дошт, ки сабаби ба ин амал даст задани раиси ҷамоати деҳоти Ҷӯра Назаров ин мушкилоти оилавӣ мебошад.
"Аз мушкилоти оилавӣ Хушқадам Нодиров, раиси ҷамоати деҳоти Ҷӯра Назаров даст ба худкушӣ зад", - гуфт Ғаффор.
Ёдовар мешавем, Нодирови 34-сола, ки падари чор фарзанд буд, рӯзи 11 феврал худро ба дор овехт.
Дар робита ба ин қазия "Pressa tj" навиштааст, ки марҳум рӯзи 10 феврал дар деҳаи Айвоҷ бо мардуми маҳаллӣ маҷлис дошт ва вазъаш хуб буд. Дар маҷлис асосан масъалаи об баррасӣ шудааст.
Дар Шаҳритус як раиси ҷамоат худро ба дор овехтааст
Дар ҳамин ҳол раиси ноҳияи Шаҳритӯс гуфт, ин аввалин ҳодисаи худкушӣ дар соли 2022 дар ин ноҳия мебошад.
Ба гуфтаи ӯ, соли гузашта се сокини ноҳияи Шаҳритӯс даст ба худкушӣ зада буданд.