Қаллобӣ, сохтакорӣ ва гирифтани пора - ҷиноятҳое, ки мансабдорони Суғд содир кардаанд

Масъулони идораи мубориза бо фасод дар Суғд омори ҷиноятҳоеро, ки бо иштироки кормандони ҳукумат дар шаҳру навоҳии ин вилоят содир шудаанд, расонаӣ карданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15 фев – Sputnik. Аваз Шарафзода, сардори Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар Суғд дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки соли гузашта чанд корманди идораҳои ҳукуматӣ даст ба ҷиноят задааст.
Бино ба иттилоъи ӯ, дар соли 2021 41 ҷиноят бо иштироки 32 корманди давлатӣ дар шаҳру навоҳии Суғд ошкор карда шудааст.
"Дар шаҳру ноҳияҳои Панҷакент 10 ҳолати ҷиноят нисбати 5 нафар, Деваштич 6 ҷиноят нисбати 5 нафар, Хуҷанд 6 ҷиноят нисбати 4 нафар, Истаравшан 4 ҷиноят нисбати 4 нафар, Спитамен 4 ҷиноят нисбати 3 нафар, Зафаробод 3 ҷиноят нисбати 3 нафар, Мастчоҳ 3 ҷиноят нисбати 2 нафар, Бӯстон 2 ҷиноят нисбати 2 нафар, Ҷаббор Расулов 1 ҷиноят нисбати 2 нафар, Шаҳристон ва Исфара 1 ҷиноятӣ ошкор ва ба қайд гирифта шудааст", - гуфт Шарафзода.
Барканории 396 мақомдор дар Тоҷикистон: сабаб
Ин масъули ожонсӣ қайд намуд, ки ин феҳраст раисони ҷамоатҳо - 12 нафар, заминсозони ҷамоатҳо - 4 нафар, муовини раиси ҷамоат, котиб ва нозири мизи ҳарбии ҷамоатҳо - 1 нафарӣ, мудирони шуъбаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ - 4 нафар, директорон ва ноиби директорони сохторҳои тобеи мақомоти ҳокимияти давлатӣ - 3 нафар, сармутахассисони соҳа - 5 нафарро шомил мешавад.
Бар пояи иттилои ин ниҳод, алайҳи ҷиноятҳое, ки аз ҷониби кормандони ин идораҳои давлатӣ ошкор карда шудаанд, умдатан тибқи моддаҳои 247 (қаллобӣ), 319 (гирифтани пора) ва 340 (сохтакорӣ) парвандаи ҷиноятӣ боз ва ба қайд гирифта шудаанд.
Аз ҷониби идораи мубориза бо фасод дар соли 2021 дар умум 514 мавриди ҷинояти коррупсионӣ ба қайд гирифта шудааст.