Нозир аз Тоҷикистон раъйпурсӣ дар Беларусро назорат мекунад

Намояндагони кишварҳои ИДМ, аз ҷумла Тоҷикистон раъйпурсии умумихалқиро дар Беларус назорат хоҳанд кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15 фев — Sputnik. Комиссияи марказии интихоботии Беларус барои назорати раъйпурсии умумихалқии конститутсионӣ, ки охири феврал дар назар аст, нозир аз Тоҷикистонро сабти ном кард.
Дар ин бора Комиссияи марказии интихоботӣ хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, дар маҷмуъ то ҳол 101 нозири байналмилалӣ ба қайд гирифта шуданд, ки қисми зиёдашон аз кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мебошанд.
Дар маҷмуъ 92 нозир аз ИДМ раъйпурсӣ дар Беларусро назорат мекунанд, ки 14 нафарашон аз сӯйи Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои узви ин созмон фиристода шудаанд.
Таъкид шудааст, ки 8 нозир аз комиссияҳои марказии интихоботии Тоҷикистон, Озарбойҷон, Арманистон ва Русия мебошанд. Созмони Ҳамкории Шонгҳой ба Беларус як намояндаашро мефиристад.
Путин хостори таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои ИДМ шуд: Ин барои мо калидист - видео
Бар асоси омори охир, комиссияҳои раъйпурсӣ аллакай 39 ҳазору 909 нозири миллиро ба қайд гирифтаанд. Таъкид шудааст, ки равон кардани нозирон то 27-уми феврали соли ҷорӣ имконпазир аст.
Маврид ба зикр аст, ки Александр Лукашенко бо имзои як фармон рӯзи раъйпурсии умумихалқӣ барои ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи ин кишварро 27 феврал муқаррар кард. Дар дар назар аст, ки қариб нисфи моддаҳои қонуни асосӣ тағйир дода шаванд.
Моҳияти тағйирот дар он аст, ки шакли идоракунии президентӣ дар Беларус ҳифз гардаду салоҳиятҳои роҳбари давлат, парлумон ва ҳукумат мушаххас гарданд. Аз ҷумла мустақилияту салоҳияти кобинаи вазирон дар назар аст, ки бештар шавад. Дар сурати қабул шудани ин тағйирот Маҷлиси мардумии умумбеларусӣ ниҳоди конститутсионӣ мешавад, ки аз салоҳиятҳои иловагӣ бархурдор хоҳад буд.