"Ба корманди агентӣ 50 ҳазор сомонӣ пора доданд": парванда алайҳи роҳбарони шабакаи барқ

Раёсати назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи вилояти Суғд аз фасодкорӣ ва қасди роҳбарони шабакаҳои барқ дар Панҷакент барои порадиҳӣ ба корманди ин ниҳод хабар дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15 фев — Sputnik. Раёсати Агентии мубориза бо коррупсия дар вилояти Суғд мегӯяд, роҳбарони шабакаҳои барқи ҳавзаи "Марғедар" дар шаҳри Панҷакент 50 ҳазор сомонӣ пора пешниҳод кардаанд, то алайҳашон парвандаи ҷиноӣ кушода нашавад.
Ба иттилои манбаъ, зимни санҷиши кори Шабакаҳои барқи шаҳри Панҷакент муайян карда шуд, ки масъулини шабакаҳои барқи ҳавзаи "Марғедар" дар давоми фаслҳои тирамоҳ ва зимистони солҳои 2019-2021 дар ҳаҷми беш аз 480,2 ҳазор кВт-соат қувваи барқро ба самт ва мақсадҳои номаълум интиқол додаанд.
Таъкид шудааст, ки сардори Шабакаҳои барқии ҳавзаи "Марғедар" ва муовинаш аз ҳолати ошкор гардидани кирдори ғайриқонунияшон огоҳ шуда, маслиҳат кардаанд, ки ба корманди Агентии зидди коррупсия пора дар ҳаҷми 50 ҳазор сомонӣ диҳанд.
"Барқи тоҷик" аз ошкорсозии 26 ҳазор ҳолати "дуздӣ"-и барқ дар кишвар гуфт
Раёсати агентӣ дар вилояти Суғд афзуд, ки муттаҳамон барои амалӣ намудани нақшаашон муовини сардори Раёсати назорати давлатии энергетикии минтақаи Истаравшанро моил кардаанд, ки ӯ низ ҳамчун мутахассиси соҳавӣ ба санҷиш ҷалб шуда будааст.
Таъкид шудааст, ки роҳбарони Шабакаҳои барқии ҳавзаи "Марғедар" зимни додани пора дастгир шуда, маблағ аз утоқи кории корманди агентӣ ёфт шудааст. Илова гардид, ки парвандаи ҷиноӣ алайҳи роҳбарони Шабакаҳои барқ барои баррасӣ ба додгоҳ ирсол шудааст.
Инчунин назари худи муттаҳамон дар бораи ин қазия ва қарори додгоҳ дар бораи он феълан маълум нест.
Дар маҷмуъ, ба иттилои мақомоти мубориза бо коррупсия, соли гузашта дар шаҳри Панҷакент 66 ҳолати фасодкорӣ ба қайд гирифта шудааст.
Инчунин зикр гардид, ки соли гузашта аз ҷониби Раёсати мубориза бо фасод дар вилояти Суғд 14 корманди зерсохторҳои "Барқи тоҷик" аз рӯи 16 ҳолати ҷиноят ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд.