Уфтухезу пирӯзӣ: акси афтиданҳо дар Бозиҳои олимпии Пекин-2022

Бозиҳои зимистонаи олимпии Пекин, калидитарин ҳаводиси ҷаҳони варзиш пур аз уфтухез ва пирӯзию шикастҳо мебошад
Sputnik
Бозиҳои олимпии Пекин, ки то 20-уми феврал давом меёбанд, ба саҳнаи ҳунарнамоии варзишкарон табдил ёфтааст. Дар ин мусобиқа на танҳо рақобати шадиду пирӯзиҳо, ичунин уфту шикастҳо низ рух медиҳанд. Бархе варзишкорон сарфи назар афтидан рӯҳафтода нашуда, мусобиқаро давом медиҳанду то ҷоиза даст меёбанд. Sputnik аксҳоеро аз лаҳзаҳои афтидани варзишгарон дар Бозиҳои олимпии Пекин гирд овард.
1 / 16

Сюзанна Тапани, хонуми хоккейбози финландӣ ҳангоми афтидан ва таомоши шайба дар бозии даври чорякниҳоии Бозиҳои олимпии Пекин - 2022.

2 / 16

Денис Спитсов, лижарони барандаи медали тилло аз Русия ҳангоми маросими гулгузорӣ дар роҳ ба минбар афтид. Лаҳзаи мусобиқаи лижаронии кросс ба масофаи 4 х 10 км байни мардон дар Бозиҳои олимпии Пекин.

3 / 16

Ҷулия Таубитс, аз Олмон, ҳангоми дави дувуми чанабозии инфиродӣ дар Бозиҳои зимистонаи олимпии соли 2022 афтид

4 / 16

Пиетро Сигели итолиёвӣ ҳангоми давидан ба масофаи 1000 метр дар мусобиқаи конкитозон дар масофаи кӯтоҳи Бозиҳои олимпии Пекин сарозер шуд.

5 / 16

Кокомо Мурасеи ҷопонӣ низ ҳангоми даври ниҳоии мусобиқаи слоупстайли сновборд сарозер гардид.

6 / 16

Ева Муирҳед, варзишкори бритониёӣ баъди афтидан дар мусобиқаи кёрлинг хандид.

7 / 16

Олга Полюк аз Украина низ ҳангоми рақобат дар риштаи лижаронӣ миёни занон натавонист, мувозинатро нигоҳ дорад.

8 / 16

София Просвирнова аз Русия ва Олга Тихонова аз Қазоқистон дар мусобиқаи конкитозон ба масофаи 1000 метр дар ҷараёни Бозиҳои зимистонаи олимпии Пекин-2022 дучори садама шуданд.

9 / 16

Анастасия Мишина ва Александр Галлямов, аз Русия, низ ҳангоми мусобиқаи рақси болои ях сарозер шуданд.

10 / 16

Кэмерон Болтони австралиягӣ (8) ҳангоми убури хатти марра ва дар пайи ӯ Лоан Боззоло аз Фаронса (24) ва Даниил Донских аз Русия дар даври чорякниҳоии мусобиқаи сноуборд, дар Бозиҳои зимистонаи олимпии соли 2022.

11 / 16

Чжу И, намояндаи Чин зимни иҷрои барномаи кӯтоҳи мусобиқаи яхмолакбозии инфиродӣ миёни занон натавонист мувозинатро то охир нигоҳ дорад.

12 / 16

Хоккейбози русиягӣ, Дмитрий Воронков (аз боло) дар бозӣ бо Швейтсария дар XXIV-умин Бозиҳои олимпии зимистона.

13 / 16

Андрей Мозалев аз Русия ҳангоми иҷрои барномаи кӯтоҳи яхмолакбозии инфиродӣ миёни мардон дар Бозиҳои зимистонаи олимпии Пекин-2022 натавонист то охир дар пойҳояш истад.

14 / 16

Аз чап ба рост: Лю Шаолин Шандор (Маҷористон) ва Жен Тзивей аз Чин ҳангоми конкитозӣ ба мусобаиқи 1000-метрӣ дар Бозиҳои олимпии Пекин.

15 / 16

Дарвозабони тими хоккейи Канада Эдди Паскуале, дар бозӣ бо дастаи мардони Иёлоти Муттаҳида аз зарбаи ҳамдастааш аз пой афтид.

16 / 16

Кун Фанюйи чинӣ дар даври ниҳоии лижаронии акробатикӣ миёни занон дар Бозиҳои олимпии Пекин.