Камила Валиева баъд аз тасмими Додгоҳи ҳакамии варзиш (CAS) дар бораи роҳхат ба сабқати яккаса дар Олимпиадаи Пекин нахустин тамрини худро баргузор кард. РИА "Новости" менависад, раққосаи рус дар барномаи кӯтоҳ ҳунарнамоии хубе нишон дод.
Валиева тамоми нозукиҳои ин рақсро бо маҳорати воло иҷро кард.
Ғайр аз ин конкибозон ҷаҳидани чоргонаро, ки дар барномаи кутоҳ манъ аст, таҷриба карданд.
Ҳамроҳи Валиева Александра Трусова ва Анна Шербакова рӯи ях баромаданд.
Ёдовар мешавем, додгоҳи варзишии арбитражӣ - СAS як рӯз пеш тасмими парвандаи Валиеваро эълон кард. Ҳамин тариқ ба варзишкори рус иҷозат дода шуд, ки дар мусобиқаҳои яккаса дар Олимпиадаи зимистона иштирок кунад.
Додгоҳ бо нашри як иттилоия гуфт, дархости Кумитаи байналмилалии олимпӣ, Иттиҳоди байналмилалии конкитозон ва Ожонси ҷаҳонии зиддидопингӣ дар мавриди варзишкор Камила Валиева рад карда шуд.
Қаблан Ожонси байналмилалии санҷиши допинг - ITA хабар дода буд, ки ташхиси Валиева аз 25 декабри соли 2021 мусбат буда, дар баданаш маводи триметазидин ошкор карда шудааст. Ин натиҷаро лабораторияи зиддидопингӣ дар Стокҳолм 8 феврал ироа намуд.
Дар пайи ин Ожонси русиягии зиддидопингӣ Валиеваро муваққатан аз мусобиқаҳо барканор карду баъди шикояти апеллятсионии варзишкор 9 феврал маҳдудиятро лағв намуд.
Кумитаи байналмилалии олимпӣ, Иттиҳоди байналмилалии конкитозон ва Ожонси ҷаҳонии зиддидопингӣ алайҳи ин қарор ба Додгоҳи варзишии арбитражӣ шикояти эътирозӣ карданд. Додгоҳ дар шоми якшанбеи 13 феврал дар пайи баррасии 7-соатӣ эътирозҳоро рад намуда, барои идомаи сабқати Валиева дар мусобиқаҳои инфиродӣ иҷозат дод.
Қаблан Валиева дар ҳайати тими мунтахаби Русия дар мусобиқаи даставӣ қаҳрамони олимпӣ шуд, аммо маросими ҷоизасупорӣ баргузор нагардид. Барномаи кӯтоҳ ва мусобиқаи инфиродӣ миёни занон дар Бозиҳои олимпии Пекин 15-уми феврал дар назар аст.