Кашфи қариб 5 ҳазор маҳаллу мавзеъҳои ҷуғрофӣ бо номҳои номувофиқ дар Тоҷикистон

Гуруҳии кории махсус дар Тоҷикистон номи беш аз 12 ҳазор мавзеъҳои ҷуғрофии кишварро омӯхта, хулосаҳои худро пешниҳод кардааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 фев — Sputnik. Олимҷон Муҳаммадзода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати Тоҷикистон, мутобиқати мавзеъҳои ҷуғрофӣ ба меъёрҳои забони тоҷикӣ омӯхта шудааст.
Муҳаммадзода зимни нишасти хабарӣ гуфт, гуруҳи кории иборат аз намояндагони мақомоти бахши забон, идораи замин, рушди маҳал, геология ва олимони бахши забону таърих беш аз 12,5 ҳазор номи маҳаллаҳои аҳолинишину мавзеъҳои ҷуғрофиро мавриди омӯзиш қарор дод.
Ба гуфтаи раиси кумита, дар пайи омӯзиш 4 ҳазору 833 номеро ошкор намуданд, ки ғайримеъёрӣ, ба муқрррароти қонуни забони тоҷикӣ мутобиқат намекунанд.
"Гуруҳи корӣ мутобиқ ба анъанаю суннати номгузорӣ, дар заминаи хусусиятҳои маҳаллу фарҳанг шакли дурусти номҳоро пешниҳод намуд", - илова кард Муҳаммадзода.
Ӯ тавзеҳ дод, ки дар феҳрасти номҳои ғайримеъёрӣ аз ҷумла онҳое мебошанд, ки дар замони шӯравӣ номҳои таърихии тоҷикӣ ба шакли нодурустӣ ва ё ба шакли ғайритоҷикӣ гардонда шуданд. Муҳамммадзода гуфт, дар асоси омӯзиши маводи таъриию ҷуғрофӣ, номи асили бархе маҳаллаю мавзеъҳо барқарор гардид.
Аз ҷумла зикр гардид, ки соли гузашта тавассути Кумитаи забон дар муҷофиқа бо мақомоти дигари дахлдор 156 номи ҷуғрофӣ ба ҳукумат пешниҳод гардида, бо тасдиқи Маҷлиси миллӣ иваз шуданд. Инчунин 117 номи ғайримеъёрии дигар бо қарори ҳукумат иваз ва барои баррасӣ ба Маҷлиси миллӣ пешниҳод гардиданд, афзуд раёсати Кумитаи забон.
Тағйири қонуни реклама дар Тоҷикистон: Хато роҳ намеёбад?
Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон гуфт, дар баробари номҳои ҷуғрофӣ, инчунин номи муассисаю идораҳо ва одамонро низ мавриди баррасӣ қарор медиҳаду барои мутобиқат бо меъёрҳои забони тоҷикӣ хулосаҳои худро пешниҳод мекунад.
Маврид ба зикр аст, ки дар Тоҷикистон соли 2016 феҳрасти номҳои миллие қабул гардиданд, ки номгузории навзодҳо бояд тибқи он сурат гирад. Ақаллиятҳои миллӣ аз риояи ин меъёр озоданд ва метавонанд фарзандонро тибқи анъанаҳои худ номгузорӣ намоянд.