Имронхон: Ҷаҳон ҷойгузини дигаре барои толибон дар Афғонистон надорад

Нахуствазири Покистон ҷомеаи ҷаҳониро ба таомул бо толибон дар Афғонистон тарғиб карда гуфт, ки ҷаҳон ҳеҷ ҷойгузини дигаре барои толибон надорад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 фев — Sputnik. Имронхон, нахуствазири Покистон ахиран дар як мусоҳибаи ихтисосӣ бо CNN гуфт, ҷаҳон бояд бо толибон кор кунад ва барои пазириш он чӣ, ки мехоҳад, аз ҷумла давлати фарогир, ҳуқуқи башар ва ҳуқуқи занон ононро ташвиқ кунад, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
"Агар ба толибон пушт шавад, таҳримҳо боқӣ монанд ва низоми бонкӣ ба далели таҳримҳо пардохтпазир набошад, хатаре вуҷуд дорад, ки дар Афғонистон бесарусомониҳо зиёд мешавад ва буҳрони башарӣ сурат мегирад", - гуфт нахуствазири Покистон.
Вай таъкид кард, ба нафъи ҳама аст, ки вазъ дар Афғонистон ба бесарусомонӣ табдил наёбад.
Имронхон гуфт, барои Иёлоти Муттаҳида зарур аст, то дарк кунанд, ки дӯст надоштани ҳокимони кунунии Кобул як баҳс аст, аммо ин кишвар дар ниҳоят ба 40 миллион нафар марбут мешавад.
Имронхон: Ҷаҳон бояд бо толибон таомул кунад
Вай гуфт, "нисфи онҳо дар вазъияти хеле хатарнок қарор доранд. Зимистон дар Афғонистон сахту бераҳм аст."
Нахуствазири Покистон таъкид кард, ки дар ҳоли ҳозир қувваи дигаре ғайр аз режими ҳозира вуҷуд надорад ва бояд бо онҳо ҳамкорӣ кард.
Ба гуфтаи ӯ, ин танҳо роҳи пешрафт аст.

"Агар Афғонистон канор гузошта шавад, дар ин кишвар метавонад бесарусомониҳо оғоз шаванд", - гуфт Имронхон.

Вай изҳор дошт, ки сулҳ дар Афғонистон ба манфиати ҳама аст.
"Беҳтарин умеди мо ин аст, ки Афғонистони муътадил метавонад субот ва сулҳро дар Покистон таъмин кунад", - афзуд мақоми аршади покистонӣ.
Қобили зикр аст, Имронхон бар ин назар аст, ки эътирофи низоми феълӣ дар Афғонистон бояд дер ё зуд анҷом шавад.
Имронхон афзуд, Покистон ба далели бесуботӣ дар Афғонистон (буҳрони паноҳандагон ва ҳамлаҳои террористӣ) бо ду мушкилоти умда рӯ ба рӯ шудааст. Феълан се миллион афғонистонӣ дар Покистон паноҳанда шудааст. Вай иддао дорад, ки се гурӯҳи террористии Афғонистон ба Покистон таҳдид мекунад.
Қорӣ Фасеҳуддин гуфт, артиши 10-ҳазорнафариро дар шимоли Афғонистон мустақар мекунанд
Ба гуфтаи Имронхон, Исломобод дар замони ҷанги таҳти раҳбарии Амрико дар Афғонистон ба монанди як "қалъа" буд.
Имронхон дар мусоҳиба афзуд, ки дар Покистон 80 ҳазори нафар ҳангоми пайвастан ба ҳимояти Амрико кушта шудаанд.
Вай таъкид кард, ки Иёлоти Муттаҳида бояд рейдҳои шабона ва сиёсати худро бознигарӣ кунад.
Ба гуфтаи ӯ, ба шаҳрвандони Амрико гуфта мешавад, ки ҳамлаҳои ҳавопаймоҳои бесарнишин дақиқ ва ҳадафи террористон ҳастанд, аммо асл дигар аст.
"Ман метарсам, ки мардум дар Иёлоти Муттаҳида аз мизони хисороти ҷонӣ иттилоъ надошта бошанд, аммо мо ин бори сангинро мутаҳмил шудем ", - гуфт ӯ.