ДУШАНБЕ, 14 фев — Sputnik. Тоҷикистон содироти нерӯи барқ ба хориҷи кишварро давоми соли 2021 афзоиш додааст.
Тибқи иттилои ширкати "Барқи тоҷик", дар ин давра дар ҷумҳурӣ беш аз 20,4 миллиард кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол шудааст, ки аз ин миқдор беш аз 2,4 миллиард киловатт/соат ба хориҷ содир шудааст.
Ин нишондиҳанда, 12 фисади ҳаҷми умумии истеҳсолро ташкил дода, нисбат ба соли 2020 911,6 миллион кВт/соат зиёд мебошад, афзуданд масъулини ширкати "Барқи тоҷик" зимни нишасти хабарии ин ниҳод.
Ба иттилои манбаъ, дар ин давр ба Афғонистон 1 миллиарду 275,2 миллион кВт/соат ба маблағи 635,9 миллион сомонӣ (56,2 миллион доллар) ва ба Ӯзебакистон 1 миллиарду 146,8 миллион кВт/соатро ба маблағи 258,8 миллион сомонӣ (22,9 миллион доллар) ташкил дод.
Холдинги энержӣ қайд мекунад, ки даромад аз содироти нерӯи барқ дар ин давра 404,6 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2020 232,6 миллион сомонӣ камтар аст.
Сабаби асосии коҳиши даромади содиротии нерӯи барқ вазъи сиёсӣ дар Афғонистон ва сари вақт пардохт нашудани пули нерӯи содиротӣ гуфта мешавад.
Гуфта мешавад, содирот ба Кобул тавассути ду хатти барқ - 110 кВ ва 220 киловат амалӣ карда мешавад.
Маҳмадумар Асозода раиси нави "Барқи тоҷик" ширкат ахиран гуфта буд, ки қарзи ширкати энержии “Брешно”-и Афғонистон аз Тоҷикистон беш аз 33 миллион долларро ташкил медиҳад.
Асозода гуфт, ҷониби Афғонистон ваъда додааст, ки моҳи феврали соли ҷорӣ қарзи “Барқи тоҷик”-ро пурра пардохт мекунад.