Баргузории рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Эрон

Сафири Тоҷикистон дар Теҳрон эълон кард, ки Душанбе муҳимтарин шахсиятҳои фарҳангӣ ва ҳунарии худро ба Ҷумҳурии Исломии Эрон эъзом мекунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 фев — Sputnik. Низомиддин Зоҳидӣ, сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Теҳрон бо таъкид бар ин ки Душанбе муҳимтарин шахсиятҳои фарҳангӣ ва ҳунарии худро ба Эрон эъзом мекунад, баргузории ҳафтаи фарҳангии Тоҷикистон дар Эронро матраҳ кард.
Сафири Тоҷикистон дар Эрон ва ду гурӯҳи ҳунарии намоишҳои "Фирдавсӣ" ва "Лаъли Бадахшон" аз Тоҷикистон, ки барои ширкат дар чиҳилумин Ҷашнвораи байналмиллалии театрии "Фаҷр" ба Эрон сафар карда буданд, зимни ҳузур дар Созмони фарҳангӣ ва иртибототи исломӣ бо Муҳаммадмаҳдии Имонипур, раиси ин созмон дидору гуфтугӯ карданд.
Зоҳидӣ дар ин дидор гуфт, ки бо иқдомоти муштараки ду кишвар зарфиятҳои мавҷуд ҷиҳати тавсеи равобити Тоҷикистон ва Эрон дар ҳамаи ҳавзаҳои мавриди эҳтимом дар оянда низ мавриди истифодаи самарабахш қарор хоҳанд гирифт.
Муҳриддин: Итминон дорам, ки равобити Тоҷикистону Эрон густариш меёбад
Имонипур низ дар ин дидор гуфт, равобити Эрону Тоҷикистон дерина аст ва таомулоти фарҳангӣ ҳамвора барои Эрон аҳамияти бисёре дорад.
Раиси Сомзони фарҳангӣ ва иртибототи исломӣ ибрози умедворӣ кард, ки табодули ҳайатҳои фарҳангӣ ва ҳунарӣ байни Эрону Тоҷикистон идома ёбад, то аз тариқи он равобити хубе рақам бихӯрад.