Тоҷикистону Ӯзбекистон корхонаҳои муштараки атласу адрас бунёд мекунанд?

Соҳибкорони Тоҷикистону Ӯзбекистон ният доранд корхонаҳои муштараки саноатӣ таъсис диҳанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 фев — Sputnik. Ҳайати Тоҷикистон, иборат аз кормандони Вазорати саноат ва технологияҳои нав, корхонаҳои саноатии хусусӣ ва намояндагони лоиҳаҳои рушди саноати СММ, имрӯзҳо ба Ӯзбекистон сафар кардаанд, иттилоъ додааст сомонаи CentralAsia.
Ба иттилои манбаъ, зимни боздид аз корхонаҳои истеҳсоли атласу адрас дар Ӯзбекистон ҳайати Тоҷикистон бо раванди дастгирии давлатӣ, низоми андозбандӣ, бозори фурӯш, раванди истеҳсолот, интихоб ва истифодаи нақшҳои матоъ, ҷалби тарроҳон ва содироти маҳсулоти тайёр ошно мешаванд.
Таъкид шудааст, ки ҳайати Тоҷикистон зимни боздид ва гуфтугӯ бо соҳибкорони Ӯзбекистон дар бораи таъсиси корхнаҳои муштарак ба мувофиқа расиданд.
Бунёди Маркази тиҷорати муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон дар марз
Иттилоъ дода шудааст, ки ҳайати Тоҷикистон бо қитъаи намунавии тутзор, намоиши ашёи хом ва матоъҳои тайёр, либосҳои дизайнериро ошно мегардаднд.
Ёдрас мешавем, ки чанде пеш соҳибкорони Тоҷикистону Ӯзбекистон таъсиси як корхонаи муштараки бузурги пиллапарвариро баррасӣ карданд.
Ҳайати Тоҷикистон барои ошноӣ бо фаъолияти корхонаву коргоҳҳои кирмакпарварӣ, коркарди пилла ва истеҳсоли матоъҳо бо коргоҳу корхонаҳои Тошканду Марғелон ва Фарғона шинос шуд.
иттилоъ дода шуд, ки Тоҷикистон таҷрибаи Ӯзбекистонро дар соҳаи кирмакпарварӣ, коркарди пилла ва истеҳсоли матоъҳо бо нақшу ороиши абрешим меомӯзад.