ДУШАНБЕ, 13 фев — Sputnik. Сайд Ҳасани Муртазавӣ, муовини сафорати Эрон дар Афғонистон гуфт, ки теъдоде аз мақомоти пешини Афғонистон пас аз расидани толибҳо бар сари қудрат дар Эрон зиндагӣ мекунанд, аммо мақомоти Эрон ҳеҷ иртиботе бо онон надорад ва дафтару ташкилоте ҳам онҳо дар ин кишвар нахоҳанд дошт, иттилоъ додааст радиои тоҷикии "Садои Хуросон".
Оқои Муртазавӣ гуфт, пас аз эъломи хабари дидори Аҳмади Масъуд ва Исмоилхон бо Амирхони Муттақӣ, вазири хориҷаи толибон дар Теҳрон ва ҳамчунин сафари ахири Ҳикматёр ба Эрон гумонаҳо дар мавриди эҷоди ташкилоти ҷадид дар ин кишвар зиёд шудааст.
Ёдовар мешавем, ки Теҳрон чанде қабл мизбони музокираи Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ва толибон барои ёфтани як роҳи ҳалли мусолиматомез барои поён додан ба муноқишот буд.
Муртазавӣ мегуяд, сиёсати Эрон талош барои пешгирӣ аз вуқуи ҳар гуна ошӯб ва даргирӣ дар Афғонистон аст ва ба сурати ҷиддӣ муқобили ҳар талоше барои шуруи ҷанг дар ин кишвар меистанд.
Муовини сафорати Эрон дар Кобул гуфтааст, Теҳрон барои осонсозии гуфтугӯҳои миёни толибон ва мухолифон ба талоши худ идома медиҳад.