ДУШАНБЕ, 13 фев— Sputnik. Раёсати умури дохилии вилояти Суғд видеои суҳбати яке аз ҳамроҳони Дамирбек Олимовро нашр кардааст, ки ҳаводиси шаби садамаи маргборро баён доштааст.
Бар асоси ин видео, ҳамроҳи Дамирбек Олимов дар шаби садама аз бистари беморхона ба милиса шоҳидӣ додааст, ки овозхон бо суръати тақрибан 100 километр дар як соат ҳаракат мекард ва сархӯш набуд.
"Шабнишинӣ буд, аз тарафи Қайроқум омадем. Дар телефон суруд монда буданд. Суръати ҳаракат тақрибан 100 буд. Он кас нӯшидагӣ набуд", - изҳор дошт ҳамроҳи Дамирбек.
Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон зикр намуданд, ки ҳодиса 5-уми феврали соли 2022, тахминан соати 01:00 рух дода, дар натиҷа ронанда Дамирбек Олимов дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида, 2 мусофираш дар беморхона бистарӣ гардиданд.
Дар ҳоле ки мақомоти умури дохилии Тоҷикистон мегӯянд, феълан таҳқиқи садамаи маргбори овозхон идома дорад, бархе дар шабакаҳои иҷтимоӣ фарзияҳои сар задани ин садамаро баён доштанд. Аз ҷумла онҳо дар мавриди эҳтимоли маст будани ронанда суҳбат карданд, ки шоҳиди ҳодиса ин фарзияро рад намуд.