ДУШАНБЕ, 13 фев – Sputnik. Маҳмадзода Ҷамшед, сардори Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон ба рӯзноманигорон хабар додааст, ки соли 2021 бар асари садамаҳои нақлиётӣ дар вилояти Хатлон 150 нафар ва дар кӯлу дарёҳои вилоят 40 кас ҷон бохтааст.
Ба иттилои вай, соли гузашта дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 295 садамаи нақлиётӣ рух додааст, ки дар натиҷа 150 нафар ба ҳалокат расида, 310 нафар ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд.
“Шумораи садамаҳо ва фавтидагон нисбат ба соли соли 2020 зиёд шудааст”, – афзуд ӯ.
Номбурда илова кард, ки дар соли 2021 дар натиҷаи риоя накардани қойдаҳои шиноварӣ ва бемаъсулиятии падару модарон, муноқишаҳои оилавӣ ва гирифтор будан ба касалиҳои рӯҳӣ 40 нафар ғарқ шудааст.
“Шумораи ғарқшудагон дар соли 2021 нисбат ба соли 2020 23 ҳолат зиёд аст”, -қайд кард Маҳмадзода Ҷамшед.