Кушта шудани се тан аз нигаҳбонони Ҳамиди Хуросонӣ дар Панҷшер

Се ҷангҷӯи гурӯҳи толибон дар даргирӣ бо нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар Паншер кушта шуданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 фев — Sputnik. Мухтор Вафоӣ дар саҳифаи фейсбукияш навиштааст, ки чанде пеш дар як даргирӣ бо нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар рустои Манҷӯр, дар маркази Панҷшер се ҷангҷӯ таҳти фармондеҳи Ҳамиди Хуросонӣ, ки яке аз фармондеҳони толибон мебошад, кушта шуданд.
Як манбаъ аз ин маҳал мегӯяд, Ҳамиди Хуросонӣ пас аз дархости нерӯи иловагӣ дар ин русто кофтукови хона ба хонаро оғоз кардааст.
Ёдовар мешавем, ки нерӯҳои Ҷабҳаи Муқовимати Миллии Афғонистон бори дувум аст, ки ба корвони Ҳамиди Хуросонӣ ҳамла мекунанд, вале то ҳол натавонистаанд худи Ҳомиди Хуросониро нобуд кунанд.
Бояд гуфт, намояндагони Ҷабҳаи муқовимат нахустин ҳамла ба корвони Ҳамиди Хуросониро рад карданд ва гуфтанд, ки ҳамла аз сӯйи худи толибон сурат гирифтааст.

Ғасби ҳукумат аз ҷониби толибҳо

Авоили моҳи август толибҳо ҳамлаи худро болои нерӯҳои давлатии Афғонистон пурзӯр карда, рӯзи 15-уми август вориди Кобул шуданд ва рӯзи дигар эълом карданд, ки ҷанг ба поён расидааст. Ду ҳафтаи ахири моҳи август аз фурудгоҳи Кобул, ки таҳти ҳифозати низомиёни амрикоӣ буд, кӯчонидани оммавии шаҳрвандони ғарбӣ ва афғонистониҳое, ки бо онҳо ҳамкорӣ доштанд, сурат гирифт.
Шаби 31-уми август низомиёни амрикоӣ фурудгоҳи Кобулро тарк карда, ба ҳузури тақрибан 20-солаи низомии Амрико дар Афғонистон хотима доданд. Аввали моҳи сентябр ҳайати ҳукумати муваққатии Афғонистон бо сардории Муҳаммад Ҳасан Охунд, ки дар давраи хукмронии якуми толибҳо вазири корҳои хориҷӣ буд, эълон шуд.
Теҳрон: Мақомоти пешини Афғонистон дар Эрон ҳеҷ дафтар ё ташкилоте нахоҳанд дошт
Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон амалан 16 август, як рӯз баъд аз суқути Кобул дар дараи Панҷшер аз сӯйи фармондеҳони ҷиҳодӣ ва бақоёи пулису урдӯи собиқ, дар умум нерӯҳои зиддитолиби Афғонистон эъломи мавҷудият карда буд. Раҳбарии онро Аҳмади Масъуд, писари Аҳмадшоҳи Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати аввали Афғонистон (1996-2001) ба дӯш дорад.
Ҷабҳаи муқовимат дар ҳоли ҳозир дар ягон маркази маъмурӣ дар Афғонистон ҳузур надорад. Нерӯҳои он дар баландкӯҳҳои вилояти Панҷшер ва минтақаи Андаробҳои вилояти Бағлон бо толибон муқовимат мекунанд.