IRS вазъ дар роҳи Душанбе - Чаноқро шарҳ дод

Ширкати роҳбони IRS, ки ба пулчинӣ ва нигоҳдории роҳи Душанбе - Чаноқ машғул аст, изҳор дошт, ки дар ин масир маҳдудият ҷорӣ нагардидааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 фев — Sputnik. Дар масири Душанбе - Чаноқ барфрезӣ ҷараён дорад, аммо маҳдудият ҷорӣ нагардидааст, иттилоъ дод IRS.
Ширкат бо нашри як иттилоия гуфт, феълан имкони ҳаракат барои тамоми намуди воситаҳои нақлиёт фароҳам мебошад.
Ин дар ҳолест, ки ба иттилои Ожонси ҳавошиносии Тоҷикистон рӯзи истироҳат навоҳии куҳии ҷумҳуриро барфрезӣ фаро мегирад.
Роҳи Душанбе - Чаноқ бо маҳдудияти вижа боз аст: тафсилот
Роҳи Душанбе - Чаноқ, ягона роҳи пайвандгари шимоли Тоҷикистон бо марказ мебошад, ки ҳаракат тариқи он бо пардохти маблағ сурат мегирад. Дар ҳолатҳои номусоидии ҳаво, роҳ баста мешавад ё маҳдудиятҳо дар он ҷорӣ мегарданд. Масъулин далели маҳдудиятҳоро ба таъмини бехатарии мусофирону ронандагон рабт медиҳанд.
Ҳавошиносон мегӯянд, дар вилояти Суғд, ки роҳи Душанбе - Чаноқ асосан аз ин вилоят мегузарад, дар ноҳияҳои алоҳидаи дар водибуда борон дар назар аст. Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ барф борида, тормеғ мефарояд. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона -1+4 дараҷа, рӯзона 5+10 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 4-9 дараҷа хунук, рӯзона -3+2 дараҷа мешавад.
Дар шаҳри Душанбе низ ҳавои абрноки асосан бебориш дар назар аст, аммо ҳавошиносон мегӯянд, тормеғ пойтахтро фаро мегирад.