ДУШАНБЕ, 13 фев — Sputnik. Хабар дар бораи бад шудани вазъи саломатии Владимир Жириновский, ки дар бемористон бистарӣ шудааст, ҳақиқат надорад.
Дар ин бора муовини аввали раиси дастгоҳи марказии Ҳизби либерал-демократии Русия Сергей Каргинов хабар дод.
"Иғвоҳо, зангҳои телефонӣ аз тамоми кишвар дар бораи марги Владимир Жириновский буданд. Мо вазъиятро шарҳ додем, ки ин дурӯғ ва асос надорад”, - гуфт ӯ дар суҳбат бо хабаргузории РИА "Новости”.
Қаблан дар расонаҳо хабаре пайдо шуд, ки гӯё вазъи саломатии Владимир Жириновский роҳбари Ҳизби либерал-демократии Русия бад шудааст ва аллакай ӯ касеро намешиносад.
Роҳбарияти ин ҳизб ин хабарро қатъиян рад кард.
Дар беморхона бистарӣ шудани Жириновский рӯзи 9 феврал маълум шуд.
Сиёсатмадор аз 2 феврал бо ташхиси COVID-19 дар бемористони марказии клиникӣ бистарӣ аст.
Рӯзи 10 феврал Ҳизби либерал-демократии Русия эълон кард, ки Жириновский ба зудӣ ба кори худ пурра бармегардад.