Эрон ба идомаи ҳамкориҳои фарҳангӣ бо Афғонистон таъкид кард

Мудири кулли ҳунарҳои намоишии Вазорати фарҳангу иршоди Эрон ба рӯзноманигорон хабар додааст, ки ҳамкорӣ байни гуруҳҳои фарҳангии Эрону Афғонистон идома дорад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 фев — Sputnik. Қодири Ошно, мудири кулли ҳунарҳои намоишии Вазорати фарҳангу иршоди Эрон дар дидор бо гурӯҳҳои намоишии Афғонистон гуфтааст, ки намоишим “Тобут”, кори муштараки Афғонистону Эрон яке аз осори зиддиимпериалистии чиҳилумин Ҷашнвораи байналмиллалии театрии "Фаҷр" аст, иттилоъ додааст ситоди хабарии Ҷашнвораи байналмиллалии театрии "Фаҷр".
Ошно афзуд, ҷавонони Афғонистон дар кори худ бисёр боистеъдоду тавоно ҳастанд.
Ҳамзамон Сенатор Ҳусайнӣ, коргардони намоиши "Тобут" низ дар ибтидои ин нишаст гуфт, ки ҳамаи тамринҳои гурӯҳ дар Теҳрон анҷом шуд.
Расонаҳо: Сабти афзоиши бесобиқаи муҳоҷирати шаҳрвандони Афғонистон ба Эрон
Имодиддини Тоҷик, коргардони намоиши “Кӯҳи чиҳил духтар”, дигар кори муштараки Эрону Афғонистон, ки дар чиҳилумин Ҷашнвораи байналмилалии театрии "Фаҷр" ба намоиш даромад, афзуд, ки "дар яке аз беҳтарин толорҳои намоишии шаҳри Теҳрон рӯйи саҳна иҷро доштем ва ин иттифоқи фархундаро ҳосили беҳбуди равобиту тавваҷуҳи беш аз пеши пешинаи фарҳангӣ медонам".
Чиҳилумин Ҷашнвораи байналмилалии театрии "Фаҷр" ба дабирии Ҳусайни Мусофирӣ то 12 феврал идома ёфт.