Дафни муҳоҷир аз ҳисоби кист? Ноиби вазир фаҳмонд, кӣ ва барои чӣ пул ҷамъ мекунад

Ноиби вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон тавзеҳ дод, ки давлат барои чӣ пул медиҳаду шахсони алоҳида чаро маблағ ҷамъ мекунанд. Соли гузашта 950 тоҷикистонӣ дар хориҷ фавтид
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 фев — Sputnik. Нурулло Маҳмадуллозода, муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, аз буҷаи давлат барои интиқоли ҷасади муҳоҷирон маблағ ҷудо мешавад.
Маҳмадуллозода дар суҳбат бо рӯзноманигори мустақил Далери Эмомалӣ гуфт, давлат тавассути мақомоти нақлиёти кишвар барои ҷуброни хароҷоти ширкатҳои ҳавопаймоии миллӣ зимни интиқоли ҷасад маблағ ҷудо мекунад.
Ба ин суол, ки модоме давлат маблағ ҷудо мекунад, чаро дар бисёри ҳолатҳо муҳоҷирон барои интиқоли ҷасад маблағ ҷамъ меоранд, ноиби вазир гуфт, ин ҷо хароҷоти дигар дар миён аст.
Хушқаду русидон: Туркия тоҷиконро ба меҳмонхонаҳояш даъват мекунад
Вай тавзеҳ дод, ки бархе хароҷот то фурудгоҳ ҳастанд, ки он аз ҳисоби давлат ҷуброн намешавад ва маҳз барои ҳамин ниёзҳо гоҳе ҷамъоварии маблағ роҳандозӣ мегардад. Аз ҷумла мисол овард, ки агар муҳоҷир дар шаҳре фавтад, ки хатсайри парвози ҳавопаймо бо Тоҷикистон надорад, зарурати интиқол ба Маскаву дигар шаҳрҳо ба миён меояд.
Маҳмадуллозода таъкид намуд, ки бо ҷамъияти тоҷикон дар Русия ҳамкории зич доранд ва талош мекунанд, дар чунин ҳолатҳои нохуш маблағи заруриро пайдо намоянд. Ӯ гуфт, дар аксари маврид хароҷоти интиқол аз ҷониби соҳибкорону диаспораҳо пардохт мегардад.
Ин дар ҳолест, ки ба иттилои мақомоти муҳоҷирати Тоҷикистон, соли 2021 дар хориҷи кишвар ҳудуди 950 тоҷикистонӣ фавтидааст. Омилҳои фавт гуногун - аз беморӣ то ҳолатҳои нохушу риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ арзёбӣ мешавад.
Русия аз қабулкунандаи асосии муҳоҷирони тоҷик буда, ҳамасола садҳо ҳазор тоҷикистонӣ барои дарёфти қути лоямут озими ин кишвар мешавад.