Шикаст бо ҳисоби 4:0: Тими Тоҷикистон аз Ҷоми рушд - 2022 бе медал меояд - видео

Тими мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар мусобиқаи Ҷоми рушд-2022 аз медал бенасиб монд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 фев — Sputnik. Дастаи наврасони то 16-солаи Тоҷикистон дар Ҷоми рушд-2022 дар Минск мақоми чорумро гирифт.
Тибқи иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар 18-умин мусобиқаи Ҷоми рушд, ки дар Минск анҷом ёфт, тими Тоҷикистон таҳти роҳбарии Зайниддин Раҳимов барои медали биринҷӣ бо мунтахаби ҷавонони Белорус (U-17) вориди майдон шуд.
Сабқат барои ҷои сеюм ба фоидаи дастаи мизбон бо ҳисоби 4:0 анҷомид. Федератсияи футболи Беларус беҳтарин лаҳзаҳои ин бозӣ бо Тоҷикистонро нашр кардааст.
Ҷоми рушд-2022-ро тими мунтахаби то 17-солаҳои Исроил соҳиб шуд, ки дар даври ниҳоӣ дастаи наврасони Беларус (U-16)-ро шикаст дод. Вақти асосии бозӣ бо ҳисоби мусовии 2:2 анҷом ёфт, аммо дар вақти зарбаҳои 11-метрӣ дастаи меҳмон бартариро гирифт.
Федератсия футболи Тоҷикистон изҳор дошт, ки Масрур Ғафуров бо 6 голи задааш беҳтарин нишонзани Ҷоми рушд-2022 дониста шуд.
Маврид ба зикр аст, ки соли гузашта дар Ҷоми рушд дастаи Тоҷикистон мақоми аввал ва медалҳои тилоро соҳиб гардида буд.