ДУШАНБЕ, 12 фев — Sputnik. Дастаи ҷавонони Тоҷикистон рақибони қирғизистониашро шикаст дод.
Ин бозӣ 12 феврал дар доираи Ҷоми рушд-2022, ки дар Минск ҷараён дорад, баргузор шуд.
Дастаи Тоҷикистон бо ҳисоби 3:2 пирӯз шуд, хабар медиҳад хадамоти матбуотии Федератсияи футболи ҷумҳурӣ.
Дар ин бозӣ Масрур Ғафуров ва Абубакр Сулаймонов фаъол буданд. Ғафуров ба дарвозаи ҳариф ду тӯб ворид кард.
Ду голи Ғафуров ва як голи Сулаймонов ба тими мунтахаби Тоҷикистон дар ин мусобиқа пирӯзӣ оварданд.
Яке аз голҳои дарвозабони Тоҷикистон дар натиҷаи зарбаи пеналтӣ ба самар расид.
Ҳамин тавр шогирди Зайниддин Раҳимов дар гурӯҳи худ ҷои дуюмро ишғол кард.
Ҳамакнун рӯзи 13-уми феврал ин даста барои ҷои севум дар Ҷоми Рушд-2022 рақобат мекунад.
Рақиби тими Тоҷикистон дар бозӣ барои ҷои сеюм ҳанӯз муайян нашудааст ва интизор меравад, мушаххас шавад.
Ёдовар мешавем, ки дар Ҷоми рушд-2022 10 даста ширкат мекунанд. Футболбозони Тоҷикистон дар гурӯҳи "А" дар баробари дастаҳои Беларус (U-16), Қирғизистон (U-16), Молдова (U-16) ва "Динамо-Минск" (U-17) бозӣ мекунанд.