Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Протоколи марзии №39, ки Ятимов ба иҷрои он таъкид кард, Тошиевро зери интиқод қарор дод

Бархе аз мақомдорони қирғиз дар робита ба имзои протоли рақами 39, ки моҳи майи соли 2021 аз ҷониби Тоҷикистон ва Қирғизистон имзо шуд, изҳори норозигӣ карданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 12 фев — Sputnik. Имзои протоколи марзии №39, ки раҳбарони Кумитаи давлатии амнияти миллии ду кишвар, аз Қирғизистон Қамчибек Тошиев ва аз Тоҷикистон Саймумин Ятимов имзо кардаанд, Тошиевро ба баҳсҳо кашид.
Дар ин бора Sputnik Қирғизистон менависад.
Гуфта мешавад, ки раҳбари Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Қамчибек Тошиев ба баҳсҳо вокуниш кардааст. Ӯ гуфтааст, протоколи рақами 39, ки 1 майи соли 2021 дар бораи марзи Қирғизистону Тоҷикистон имзо шуд, дар сурати амалӣ шудан барои ҳар ду кишвар судманд хоҳад буд.
Тошиев дар саҳифааш дар "Facebook" як матлаберо нашр кардааст, ки дар посух ба интиқодҳои вазири дифои собиқ, вакили Жогорку Кенеш Исмоил Исҳоқов мунташир шудааст.
Ахирӣ дар мусоҳиба бо яке аз расонаҳо дар бораи хатари протоколи имзокардаи раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон гуфтааст.
Ба гуфтаи вазири собиқ, протоколи рақами 39 ба манофеи миллии Қирғизистон мувофиқат намекунад, зеро дар сурати эътибор пайдо кардани он “баъзе манотиқи вилояти Бодканд ба анклав табдил хоҳанд шуд”.
Тошиев дар шабакаи иҷтимоӣ навиштааст, ки маҷбур шудааст, ба "тафаккури нодуруст"-и Исҳоқов ба таври кӯтоҳ посух диҳад.
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Суҳбати рӯ ба рӯи Тошиев ва Ятимов: тафсилоти музокироти дуюм
"Дар хотир дошта бошед, мо намегузорем, ки як порча замини мо анклав шавад. Бо чизҳои номаълум ва сохта мардумро ба иштибоҳ андохтан лозим нест. Мо одамоне нестем, ки ҳуҷҷатҳоеро қабул кунем, ки заминҳои моро ба анклав табдил диҳанд", - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи раҳбари Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон, агар протоколи рақами 39 дар он шакле, ки қабул шудааст, амалӣ шавад, барои ҳар ду кишвар осониҳоеро дар пай дошта, ҳамчунин имкон медиҳад, ки марз дар мавзеъҳои баҳсбарангез пурра муайян карда шавад.
Исҳоқов дар мусоҳибааш ҳамчунин зикр кард, дар масоили марзӣ Қирғизистон бояд аз созишномаҳои байналмилалие, ки пас аз соли 1990 имзо ва тасвиб шудаанд, истифода кунад. Тошиев ба ин фикр розӣ шудааст.
Бояд гуфт, ҷомеаи Қирғизистон протоколи имзокардаи Тошиевро ба таври васеъ муҳокима кард.
Ёдрас мешавем, ки дар гуфтушуни тӯлонии раҳбарони Кумитаи давлатии амнияти миллии ду кишвар Қирғизистон Қамчибек Тошиев ва Тоҷикистон Саймумин Ятимов мақомдори тоҷик яке аз нуқтаҳои мувофиқашударо кор аз рӯи протоколи рақами 39 гуфта буд.
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Ҳукумати Қирғизистон замону макони музокироти марзӣ бо Тоҷикистонро гуфт
Ёдовар мешавем, ки муноқишаи мусаллаҳона дар марзи ду кишвар дар наздикии рустои Хоҷаи Аъло шоми 27 январ сар зад.
Бино ба иттилои Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, гурӯҳе аз шаҳрвандони Қирғизистон мошини як шаҳрванди Тоҷикистонро, ки ба сӯйи рустои Сомониёни ноҳияи Исфара рег мебурд, боздоштанд.
Пас аз он мардуми маҳаллӣ дар сарҳад ҷамъ шуданд. Дар байни шаҳрвандон задухӯрд ба вуқуъ пайваст, ки зуд ба сангпартоӣ аз ҳар ду ҷониб мубаддал гашт.
Баъдан марзбонон вориди даргирӣ шуданд ва тирпарронӣ оғоз шуд. Баъди чанд вақт техникаи ҳарбӣ ба кор даромад. Тарафҳо дар мавриди истифода аз миномёт ва гранатомётҳо муттаҳам шуданд.
Деҳаи ҳамсоя зери оташ қарор гирифт. Баъзе хонаҳо дар Хоҷаи Аъло ба кӯҳи сангу тахтаҳои сӯхта табдил ёфтаанд.
КДАМ Қирғизистон версияи худро дар бораи ҳодиса пеш гузошт. Ба гуфти ин кумита, сабаби муноқиша бастани қитъае шоҳроҳи Бодканд - Исфара будааст.
Ҷонибҳо ҳамчунин дар мавриди истифодаи ҳавопаймоҳои бесарнишини ҳарбӣ низ иттиҳомотии мутақобила карданд.
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Боз чӣ шуд? Муноқишаи навбатӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
СПАД ба вазъият дахолат кард. Дабири кулли созмон Станислав Зас бо намояндагони ҳар ду ҷониб телефонӣ суҳбат карда, аз онҳо хост, тирпарониро ҳарчи зудтар қатъ ва низоъро тавассути музокироти дуҷониба ҳал намоянд.
Тоҷикистон иддао кард, ки дар ҷараёни ин даргирӣ 10 нафар аз низомиён ва сокинони маҳаллӣ маҷруҳ ва 2 нафар кушта шудаанд.
Қирғизистон аз 11 маҷруҳ гуфт. Дар ҳоли ҳозир вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон муътадил арзёбӣ мешавад.
Пас аз муноқиша мақомоти ду кишвар ду мулоқот баргузор карданд. Нахуст тарафҳо барои оташбас ва аз сарҳад баровардани техникаи низомӣ тафовуқ карданд.
Иштироккунандагони маҷлиси дуюм аз нияти таъсиси комиссияи муштарак барои тафтиши воқеа хабар доданд. Ба он хидматчиёни ҳарбӣ ва додситонӣ вориданд.