ДУШАНБЕ, 12 фев — Sputnik. Муҳлати баррасии дархостҳо барои шаҳрвандии Русияро гирифтан бо тартиби умумӣ метавонад аз як сол то се моҳ кам шавад.
Дар ин бора ТАСС бо такя ба маркази матбуотии Вазорати корҳои дохилӣ хабар медиҳад.
Лоиҳаи дахлдори қонун аз ҷониби президенти Русия Владимир Путин дар охири соли 2021 ба Думаи давлатӣ пешниҳод шуда буд.
Тибқи ин санад, масъулияти қабули қарор дар бораи ба шаҳрвандӣ қабул кардани баъзе аз афроди хос ба дӯши Вазорати корҳои дохилӣ гузошта мешавад.
Аз ҷумла, ин чора ба шахсоне дахл хоҳад дошт, ки тартиби содакардашудаи қабул надоранд, инчунин онҳое, ки паноҳгоҳи сиёсӣ гирифтаанд, гурезагон ва хизматчиёни ҳарбӣ, ки тибқи шартнома дар Қувваҳои Мусаллаҳи Русия кор мекунанд, аз ин қабил афрод гуфта мешаванд.
Дар лоиҳаи қонун ҳамчунин пешниҳод шудааст, ки ба сарвари давлат ваколатҳои бештар оид ба муайян кардани категорияҳои ашхосе, ки барои гирифтани шаҳрвандии Русия ҳақ доранд, дода шавад.
Илова бар ин лоиҳа пешбинӣ мекунад, ки як қатор ҷиноятҳои вазнин алайҳи давлат боиси қатъи шаҳрвандии Русия мешавад.
Тибқи лоиҳаи қонун, шаҳрванди Федератсияи Русияро касоне метавонанд бошанд, ки забони русӣ, таърихи Русия ва асосҳои қонунгузории Русияро медонанд.
Дар тавзеҳи лоиҳаи қонун зикр шудааст, ки аз оғози қабули Қонуни федералии аз 31 майи соли 2002 "Дар бораи шаҳрвандии Федератсияи Русия" беш аз 7,3 миллион нафар шаҳрвандии Русияро гирифтаанд.