ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Додситони кулли Қирғизистон алайҳи сиёсатмадор ва вакили парлумони ин кишвар Адахон Мадумаров бо иттиҳоми "хиёнат ба давлат" парванда боз кардааст.
Собиқ раиси Шӯрои амнияти Қирғизистон дар он муттаҳам мешавад, ки соли 2009 протоколи аз Тоҷикистон ба иҷора гирифтани 279 метр замин дар марзро барои 49 сол имзо кардааст.
Сухан сари маҷрои рӯдхонаи Исфара бо ду соҳилаш бо дарозои 279 метр меравад, ки аз он ҷо шоҳроҳи Ӯш - Исфана мегузарад ва он сарзамини аслии тоҷикон ҳисобида мешавад.
Мадумаров дар суҳбат бо расонаҳо гуфтааст, ки субҳ ба парлумон варақае расониданд ва огоҳ шуд, ки алайҳи ӯ бо иттилоҳми "хиёнат ба давлат" парванда боз шудааст.
"Замоне фаро мерасад, ки ин бача барои ин ҷавоб хоҳад буд”, - гуфт ба хабарнигорон вакили ва раиси Бутун Қирғизистон.
"Садҳо чунин протоколҳо мавҷуданд. Дар соли 2011 кумитаи марбутаи Ҷогорку Кенеш (кумитаи дифоъ ва амнияти Ҷогорку Кенеш) бо роҳбарии Исмоил Исакович ҳама чизро баррасӣ ва лағв кард. Соли 2012 ин протокол аз ҷониби ҳукумат бозхонд шуд", - гуфт ӯ.
Вакил ин қазияро таъқиби сиёсӣ медонад.
Қаблан Додситони кулл Қурмонқул Зулушев пешниҳоди ризоият барои ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашидани депутат Мадумаровро ба парлумон ирсол карда буд.
Рӯзи 10 феврал дар Маҷлиси Олӣ комиссия таъсис дода шуд, то пешниҳоди додситони кулл дар бораи лағви дахлнопазирии вакили Мадумаровро баррасӣ кунад.
Қирғизистон замоне ин қитъаро баҳсӣ хонд, ки Содир Ҷабборов, президенти ин кишвар гуфт, протоколҳои имзошуда қувваи ҳуқуқӣ надорад.
Ҷониби Тоҷикистон мегӯяд ин замин аз асл макони тоҷикон аст ва ҷойи баҳс надорад.
Раиси вилояти Суғд мегӯяд, маҷрои рӯдхонаи Исфара бо ду соҳилаш, ки аз он ҷо шоҳроҳи Ӯш - Исфана мегузарад, аз Тоҷикистон ва Қирғизистон барои баҳсбарангез донистани минтақаи мазкур асосҳои ҳуқуқӣ надорад.
"Мақоми ин қаламрав наметавонад мавзуи музокирот дар чаҳорчӯби Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба аломатгузорӣ ва делимитатсияи сарҳади давлатӣ бошад", - гуфт Аҳмадзода.
Раиси вилояти Суғд таъкид кард, ки Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ аз ин қаламрав барои фишор болои Қирғизистон истифода накардааст.
Ҳамчунин раиси собиқи Исфара, сиёсатмадор ва арбоби ҷамъиятии тоҷик Гулафзо Савриддинова мегӯяд, роҳи Ӯш - Исфана, ки мояи баҳси миёни Бишкек ва Душанбе хонда мешавад, тибқи санадҳои ҳуқуқӣ ва қарордодҳои мавҷуд, комилан ба Тоҷикистон тааллуқ дорад.
Ба гуфтаи вай, ин қитъаи роҳ бо чанд созишнома ба таври қатъӣ ҳуҷҷатгузорӣ шудааст.
Ин дар моддаи 5-уми Созишномаи байни ҳукуматҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар бораи ба таври мутақобила ба даст овардани қитъаҳои замин аз 18 майи соли 2005 сабт шудааст.
Ёдовар мешавем, ки қитъаи 275-метрии қаламрави Тоҷикистон ё мавзеи Торт-Кочо ду соҳили дарёи Исфараро мепайвандад, ки дар он шаҳракҳои тоҷикони Хоҷаи Аъло ва Сомониён инчунин Кок-тош ва Ортабози Қирғизистон воқеъ гардидаанд.