Маълум шуд, ки соли 2022 дар Осиёи Марказӣ кадом машқҳо баргузор мешаванд

Нерӯҳои муштараки Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ дар як силсила машқҳои бузурге, ки дар Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон баргузор мешаванд, тамрин мекунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Машқҳои низомии мавриди назари СПАД дар соли 2022 эълон шуд. Дар ин бора раиси Ситоди муштараки СПАД Анатолий Сидоров дар суҳбат бо расонаҳо хабар дод.
Номбурда қайд кард, ки омодагии муштараки мақомоти фармондеҳию назоратӣ ва воҳидҳои қувваҳо ва воситаҳои низоми амнияти дастаҷамъӣ мисли соли қаблӣ ба баррасии мавзуъҳои зиддитеррористӣ марбутанд.
Ба гуфтаи Сидоров, дар қаламрави Қазоқистон баргузории машқҳои муштарак ва вижае дар назар аст, ки тамрини ҷузъу томҳои мухталифи қӯшунҳо (нерӯҳои дастаҷамъӣ)-и СПАД-ро муттаҳид мекунад.
СПАД шумори ҷангҷӯён дар марзи Тоҷикистону Афғонистонро гуфтанд
Аз ҷумла, дар тамрингоҳҳои Қазоқистон тамрини вижа бо нерӯҳо ва воситаҳои иктишофии "Ҷустуҷӯ-2022" баргузор мешавад: машқҳои махсус бо қувваҳо ва воситаҳои таъминоти моддӣ "Эшелон-2022", тамрини фармондеҳию штабии "Ҳамкории мутақобила-2022".
Машқҳои ахир ба таҳияи вазифаҳои истифода аз нерӯҳо ва воситаҳои низоми амнияти дастаҷамъии СПАД барои ҳалли вазъи буҳронӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ равона хоҳанд шуд.
"Дар қаламрави Тоҷикистон тамриноти муштарак бо воҳидҳои СПАД "Сарҳад-2022" бо таҳияи вазифаҳо оид ба истифодаи нерӯ ва воситаҳои низоми амнияти дастаҷамъии СПАД ба манфиати мубориза бо созмонҳои байналмилалии террористӣ баргузор мешавад", - афзуд Сидоров.
Марҳилаи ниҳоӣ дар Қирғизистон баргузор мешавад. Дар назар аст, нерӯҳои посдори сулҳи СПАД тамрини фармондеҳии ситодӣ таҳти унвони “Бародарии шикастнопазир -2022”-ро баргузор кунанд.
Дар ҷараёни он вазифаҳои ҳалли баъдиҷангӣ дар минтақаи буҳронӣ бо роҳи гузаронидани амалиёти посдори сулҳ таҳия мешаванд.
Сардори Ситоди муштараки СПАД қайд кард, ки дар доираи беҳбуди ҳамкории иттилоотӣ дар формати созмон барои Маркази вокуниш ба буҳрон маҷмуе аз машқҳои муштараки омӯзишӣ бо гурӯҳҳои оперативии ниҳодҳои дар давлатҳо ваколатдор оид ба ҳамкорӣ бо Маркази вокуниш ба буҳрон ба нақша гирифта шудааст.