МАГАТЭ ба Тоҷикистон барои назорати радиатсионӣ таҷҳизот дод

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи ва мудофиаи граждании Тоҷикистон ва Оҷонсии амнияти кимиёиву биологӣ, радиатсионӣ ва ҳастаии Академияи миллии улуми Тоҷикистон ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар заминаи мониторинги радиатсионӣ ба имзо расониданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Ба нақл аз дафтари матбуоти КҲФ-и Тоҷикистон, санади баимзорасида имкон медиҳад, ҳамкорӣ дар заминаи мониторинги радиатсионӣ ва мубодилаи мутақобили маълумот дар бораи вазъи радиатсионӣ дар кишвар дар чаҳорчӯби кумаки фаннии МАГАТЭ дар чаҳорчӯби тарҳи IAEA Project TAD9008 густариш диҳад.
Кумита, Агентии Байналмилалии Энержии Атомӣ (МАГАТЭ) тавассути ҳамоҳангсози миллӣ – Агентии амнияти кимиёвию биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҷҳизоти заруриро ба КҲФ ба маблағи умумии 169,4 ҳазор евро супурд.
Хатар боқист: КҲФ рӯйхати роҳҳои кӯҳии хавфнок дар Тоҷикистонро нашр кард
Таҷҳизоти супурдашуда аз низомҳои назорати радиатсионӣ SpectroTRACER-и истеҳсоли Bertin GmbH (Олмон) иборат буда, дар шаҳрҳои Душанбе, Хоруғ, Хуҷанд, Бохтар ва Кӯлоб барои назорати доимии вазъи радиатсионӣ дар кишвар насб карда мешаванд.
Низоми мониторинги радиатсионӣ SpectroTRACER барои истифода бо мақсади мониторинги радиатсионӣ дар доираи лоиҳа пешбинӣ шудааст ва бояд дар кори Сарраёсати ҳифзи аҳолӣ, Маркази идоракунии ҳолатҳои бӯҳронӣ ва озмоишгоҳи ҷумҳуриявии кимиё ва радиометрии КҲФ истифода шавад.