Ифтитоҳи корхонаи “Ширеши тоҷик” бо харҷи 10 миллион сомонӣ дар Хуҷанд – видео

Раисҷумҳури Тоҷикистон дар деҳоти Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи нави “Ширеши тоҷик”-ро ифтитоҳ кард
Sputnik
Дафтари матбуотии раисҷумҳур навори ифтитоҳи корхонаи мазкурро аз сӯйи раисҷумҳури Тоҷикистон нашр кард.
Бояд гуфт, корхонаи мазкур аз сӯйи соҳибкорони маҳаллӣ Абдуқодир Набиев ва Манижа Умарова ташкил шудааст. Ин корхона бо технологияи муосир аввалин бор дар Тоҷикистон истеҳсоли ширеши акрилиро истеҳсол хоҳад кард.
Иқтидори тавлидии корхона дар як моҳ зиёда аз 300 тонна ширеши хушсифат буда, дар оянда вобаста ба талаботи бозори дохилӣ ва ба роҳ мондани содироти маҳсули он ба хориҷи мамлакат, аз ҷумла ба кишварҳои ҳамсоя ин нишондиҳанда ба 500 тонна расонида мешавад.
Барои бунёди корхонаи ширешбарорӣ қариб 10 миллион сомонӣ харҷ гардида, дастгоҳу таҷҳизоти истеҳсолӣ аз Туркия ва Чин оварда шудаанд.
Дар корхона дар навбати аввал истеҳсоли 15 намуди ширеш, ки қаблан аз хориҷи мамлакат, аз ҷумла Русия, Туркия, Чин ва Ӯзбекистон ворид карда мешуд, роҳандозӣ гардидааст, ки асосан дар соҳаи сохтмон ва омода намудани қолин ба таври васеъ истифода бурда мешаванд.