Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Боз чӣ шуд? Муноқишаи навбатӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Муноқишаи навбатӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ба далели бурдани корҳои сохтмонӣ дар минтақаи муайяннашудае сар задааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон боз як муноқиша сурат гирифт.
Дар ин бора хадамоти марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон иттилоъ додааст.
Ба гуфтаи ин ниҳод, вазъ бар асари корҳои сохтмонии ғайриқонунӣ дар минтақаи марзӣ шиддат гирифт.
Ҳодиса дар деҳаи Мақсади ноҳияи Лейлек рух додааст.
Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон иттилоъ додааст, ки шаҳрвандони Қирғизистон ба корҳои сохтмонӣ шуруъ кардаанд.
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Тоҷикистон ва Қирғизистон 81 километр марзи дигарро мушаххас карданд
Пас аз чанде лаҳза шаҳрвандони Тоҷикистон ба фаъолияти қирғизҳо аҳамият доданд. Ба ҷои корҳои сохтмонӣ наздик ба 15-20 нафар ҷамъ шуд.
Шаҳрвандони Тоҷикистон аз ҷониби Қирғизистон талаб кардаанд, ки корҳои сохтмониро дар ин минтақа фавран қатъ намоянд.
Шаҳрвандони Қирғизистон тасмим доштанд, пойдеворе дар минтақаи муайяннашудаи марз резанд.
Ба хотири ҷилавгирӣ аз авҷ гирифтани низоъ намояндагони марзбонии ду кишвар тасмим гирифтаанд, корҳои сохтмониро дар ин минтақа қатъ кунанд.
Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон гуфт, ҳоло вазъ дар марз ором аст. Мардуми дар наздикии майдон ҷамъомада ба хонаҳои худ баргаштаанд.