ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Содиқ Имомӣ, муовини Вазири умури хориҷии Тоҷикистон ахиран дар Маскав, дар конфронси “Амнияти дастҷамъӣ дар давраи нав: таҷриба ва дурнамои СААД”, ки аз ҷониби Клуби байналмилалии мубоҳисавии “Валдай” ташкил гардид, зикр намуд, таҳлили раванди вазъи ҳарбӣ-сиёсӣ дар минтақаи масъулияти СААД таъсири номусоидеро, ки ба раванди кунунии низоми амнияти дастҷамъӣ расонида мешавад, тасдиқ менамояд.
Вай афзуд, таъмини амният дар минтақаи Осиёи Марказӣ, амнияти аъзои СААД дар дарозмуддат бо вазъият дар Афғонистони ҳамсоя пайванди ногусастанӣ дорад.
Оқои Имомӣ зимни суханронии худ бар зарурати мубориза бо ташкилоти террористиеро, ки дар Афғонистон мустақар мебошанд, таъкид намуд.
Ғасби ҳукумат аз ҷониби толибҳо
Авоили моҳи август толибҳо ҳамлаи худро болои нерӯҳои давлатии Афғонистон пурзӯр карда, рӯзи 15-уми август вориди Кобул шуданд ва рӯзи дигар эълом карданд, ки ҷанг хотима ёфт.
Ду ҳафтаи ахири моҳи август аз фурудгоҳи Кобул, ки таҳти ҳифозати низомиёни амрикоӣ буд, кӯчонидани оммавии шаҳрвандони ғарбӣ ва афғонҳое, ки бо онҳо ҳамкорӣ доштанд, сурат гирифт.
Шаби 31-уми август низомиёни амрикоӣ фурудгоҳи Кобулро тарк карда, ба ҳузури тақрибан 20-солаи низомии Амрико дар Афғонистон хотима доданд.
Аввали моҳи сентябр ҳайати ҳукумати муваққатии Афғонистон бо сардории Муҳаммад Ҳасан Охунд, ки дар давраи хукмронии якуми толибҳо вазири корҳои хориҷӣ буд, эълон шуд.
Қобили зикр аст, ки аз 33 намояндаи нави Ҳукумати Афғонистон 17 нафари онҳо барои фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримҳои байналмилалии СММ қарор доранд.
Ҳамакнун наздики шаш моҳ мешавад, ки толибҳо қудратро дар даст доранд, аммо то кунун ҳеҷ кишваре давлати онро ба расмият нашинохтааст.
Ҷомеаи ҷаҳонӣ ва бархе аз кишварҳои қудратманд шартҳои эътирофи толибҳоро ташкили ҳукумати ҳамашумул ва риояи ҳуқуқи занон гуфтанд, ки то кунун аз ҷониби ҳукумати ҷадиди Афғонистон иҷро нашудааст.