Доллар "сӯхт": таҳқиқи ду ҳолати қаллобӣ дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон ду ҳолати қаллобӣ таҳқиқ мешавад, ка якеаш аз ҷониби шахси қаблан зиндонишуда анҷом шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикисон ду ҳодисаи қаллобиро таҳқиқ мекунад.
Як ҳолати қаллобӣ дар шаҳри Душанбе рух додааст.
Ҳамин тавр ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза марди 66-солаи сокини пойтахт муроҷиат намудааст.
Ӯ аз болои марди 38-солаи сокини шаҳри Душанбе, ки пеш бо моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон суд шудааст, шикоят кардааст.
Гуфта мешавад, ки марди дар гузашта судшуда 2-юми марти соли 2016 бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 21 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Панҷ мошини гаронбаҳоро фурӯхту пулро ба соҳибашон надод: таҳқиқи қаллобӣ дар Душанбе
Ҳамчунин аз ҷониби кормандони ШВКД дар шаҳри Ваҳдат зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ мардони 46 ва 58-солаи сокинони шаҳри мазкур бо гумони қаллобӣ дастгир гардидаанд.
Номбурдагон соли 2012 бо роҳи фиреб ба боварии марди 66-солаи сокини ҳамин шаҳр даромада, аз ӯ 20 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, ӯро фиреб додаанд.
Манбаъ афзуда, ки нисбати номбурдагон аз тарафи Раёсати тафтишотии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ мутобиқ бо моддаи 247 қисми 4, Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон оғоз шуда, тафтишот идома дорад.