Ин тафовути куллӣ аз ротатсияи амрикоии "Тасмими атлантикӣ" аст, ки дар қаламрави хориҷӣ, дар кишварҳои Аврупои Шарқӣ бо таваҷҷуҳ ба амалиёти низомии артиши ИМА дар Ҷумҳурии Беларус ё Украина анҷом дода мешавад.
"Тасмим муттафиқин-2022" посухи мустақими Минск ва Маскав ба сиёсати хориҷии таҷовузкорона ва бепарвоии Вашингтон аст.
Марҳилаи фаъоли размоишҳои муштараки Беларусу Русия “Тасмими муттафиқин-2022” рӯзҳои 10-20 феврал баргузор шуда, 5 тамрингоҳи низомӣ ва 4 фурудгоҳи низомии Беларусро фаро мегирад.
Таҳкими сарҳади давлатӣ, бастан ва нобуд кардани гурӯҳҳои мухарриб ва ҷосусии “душман”, истиқрори баъдиҷангӣ дар минтақа аз мароҳили муҳими ин размоиш хоҳанд буд.
Имкониятхои гурӯҳи якҷояи ҳарбии ҳар ду мамлакат имкон медиҳанд, ки вазифаҳои манёврҳо дилпурона ҳал карда шаванд. Ёдовар мешавам, ки қариб тамоми Қувваҳои Мусаллаҳи Беларус дар чорабиниҳои омодагии ҷангии моҳи феврал ба дараҷаҳои гуногун ҷалб шудаанд.
Ҳафтуми феврал раисҷумҳури Русия Владимир Путин ба раисҷумҳури Фаронса Эммануэл Макрон ваъда дод, ки пас аз анҷоми тамринҳо 30 000 сарбози русро аз Беларус ба хоки Русия мунтақил хоҳад кард. Дар маҷмуъ беш аз 70 ҳазор иштирокчӣ (дар марҳилаҳои гуногун), инчунин силоҳ ва таҷҳизоти низомии Федератсияи Русия низ ба хоки ин кишвар оварда мешаванд.
Ба ҷуз аз мутахассисони Ҳавзаи низомии шарқии Русия маҷмаъҳои зиддимушакии С-400 “Триумф”, системаҳои дифои ҳавоии низомии “Пантсир-С”, системаҳои мушакии оперативӣ-тактикии “Искандер”, Су-35 ва Су-25СМ. Ҳарими ҳавоии Беларусро ҳавопаймоҳои бомбаандози дурпарвози нерӯҳои ҳавоии Русия ТУ-22М3 посбонӣ мекунанд.
Системаҳои ҷангии дурпарвози электронии "Красуха-4" дар хоки Беларус ҷойгир карда шудаанд, ки қодиранд, моҳвораҳои НАТО, AWACS, ҳавопаймоҳои F-16 ва F-35, ҳавопаймоҳои бесарнишин ва дигар интиқолдиҳандагони радарҳои ҳавоиро халалдор кунанд. Дар ҷаҳон аналоги он вуҷуд надорад.
Ёдовар мешавам, ки дар Сурия маҷмаи “Красуха” дар шароити ҷанг (соли 2015) шумораи зиёди мушакҳои амрикоии “Томаҳавк”-ро аз ҳадафҳо дур карда буд.
Консепсияи амалиётӣ-стратегӣ, сатҳи технологӣ, иқтидори ҷангӣ ва миқёси ҷуғрофии машқҳои мудофиавии Ҷумҳурии Беларус ва Федератсияи Русия аз "Тасмими атлантикӣ"-и артиши ИМА дар Аврупо аз ҷиҳати сифат бартарӣ дорад.
Пародияи "Барбаросса"
Ҳадафи расмии миссияи "Тасмими атлантикӣ"-и артиши ИМА "даргир" кардани Русия аст, ҳарчанд маҳз Вашингтон буд, ки дар соли 2014 бори дигар худро боздошта натавонист ва пас аз табаддулоти мусаллаҳона дар Киев, ки пас аз он дар Украина ҷанги шаҳрвандӣ оғоз шуд, Қрим ба Федератсияи Русия баргашт.
Тамоми "азм"-и Пентагон ҳамасола дар кишварҳои соҳили Балтика, Лаҳистон, Руминия ва даҳҳои дигар аз Донбасс хеле дур мушоҳида мешавад.
Миссияи нуҳуми “Atlantic Resolve 2022” дар фасли баҳор бо истиқрори тими ҷангии 3-юми бригадаи зиреҳпӯш, дивизияи 4-уми пиёдагарди артиши ИМА дар Аврупо сурат мегирад.
Контингенти нав — кариб 1800 нафар аз низомиён, 50 болгард, 1800 автомашина ва техника — дар охири моҳи феврал бо роҳи баҳрӣ ба бандарҳои Дункерк (Франция) ва Александрополис (Юнон) меоянд. Нерӯҳои асосӣ дар Олмон мустақар мешаванд, аммо Латвия, Лаҳистон ва Руминия дар хатти пеш хоҳанд буд. Ротатсия дар мохи апрел ба охир мерасад.
Чунин ба назар мерасад, ки машқҳои дуҷониба ва бисёрмиллатии “Atlantic Resolve” ҳамкории муштараки нерӯҳои иттифоқчӣ ва шарикро афзоиш медиҳанд, гарчанде ки ҳаракати мошинҳои зиреҳпӯши асосан амрикоӣ, авиатсия ва гурӯҳи дастгирии қувваҳои корӣ вуҷуд дорад.
"Тасмими атлантикӣ" умуман ба пародияи нақшаи "Барбаросса"-и гитлерӣ шабоҳат дорад: мошинҳои зиреҳпӯш аз Амрикои Шимолӣ дар бандарҳои Аврупои Ғарбӣ холӣ шуда, ба Шарқ фиристода мешаванд, вале шумора ва сифати қӯшунхо ба қувваҳои ваҳшиёна мувофиқ нест.
Қаблан, бригадаи 1-уми зиреҳпӯши дивизияи 1-уми пиёдагарди Артиши ИМА ба Аврупо интиқол дода шуда буд, ки тақрибан 3800 сарбоз, 80 танк, 130 мошини ҷангии “Брэдли”, 15 тӯпи дурзани “Паладин”, 1500 мошини чархдор ва 85 болгардро шомил мешуд.
Бригада асосан дар Лаҳистон буда, дар Булғория, Венгрия, Германия, Гурҷистон, Руминия, Словакия ва мамлакатхои назди Балтика ҳайатҳое аз он мавҷуд аст.
Шумо мебинед, ки дар ин амалиёти аврупоӣ бригадаи зиреҳпӯши артиши ИМА боварибахш ба назар намерасад. Бригадаи амрикоӣ барои муҳофизати фронти на бештар аз 20 километр пешбинӣ шудааст ва дарозии тахминии фронти шаркии НАТО ба 1500 километр мерасад. Ҳатто дивизияи пуриқтидори зирехпӯши ИМА бо 350 танк ва 670 бронетранспортёр мусаллаҳ аст.
Дар вазъияти ҷанги мусаллахонаи гурӯҳи ҷангии як бригада — якчанд хазор нафар аз низомиёни ҳарбии Амрико, қариб 80 танки "М-1 Абрамс" ва 100 машинаи ҷангии "Бредли" обуҳаворо вайрон карда, ба "дегхона" меафтанд.
Дар натиҷа "шарикон" бори дигар тахлияи шадидро дар услуби “Dunkerk-1940” ё “Кобул-2021” намоиш медиҳанд. Ҳатто дар беҳтарин замонҳо барои Пентагон беш аз 100 000 рейнҷери амрикоӣ, ки аз ҷониби як сипоҳи 20 000-нафарии муттаҳидон ва шарикон аз 49 кишвар дастгирӣ мешуданд, дар амалиёти камшиддат натавонистанд толибони Афғонистонро мағлуб кунанд.
Қувваҳои мусаллаҳи ИМА, каме бештар аз 1 миллион нафар ҳоло дар як қабати тунук дар сайёра паҳн шудаанд ва аз ҷиҳати миқдорӣ ва сифатӣ қодир нестанд, ки бар зидди душмани амалиёти васеъмиқёси ҳарбӣ гузаронанд.
Дар муқовимат бо Русия нерӯҳои ҳавоии ИМА ва НАТО наметавонанд нерӯҳои заминиро, ки 80 дарсад аз авиатсия вобастаанд, сарпӯши ҳавоӣ шаванд. "Искандарҳо" ва "Триумфҳо" аэродромҳо ва ҳавопаймоҳои эътилофро садҳо километр дуртар аз хатти ҷабҳа нобуд мекунанд.
Дар сурати мавҷуд набудани бартарияти воқеӣ (иқтидори ҷангӣ) дар Аврупо раҳбарони низомии амрикоӣ дар бораи шеваҳои ҷанги сард фикр карданро идома дода, ният доранд, ки ба нерӯҳои Русия дар қаламрави Беларус бо тамоми "азми атлантикӣ" муқовимат кунанд.
"Шарикҳо" ба амнияти ҷаҳон беэътиноӣ карда, айнан ба худкушӣ кӯшиш мекунанд. Аз тарафи дигар Минск ва Маскав кодиранд, ки ин равандро тасреъ ва маҳаллӣ кунанд, яъне дар қувваю воситаҳо бартарии даҳбаробарӣ ба вуҷуд оварда, душманро дар давоми якчанд соат несту нобуд кунанд.
Аз ин рӯ миссияҳои “Тасмими атлантикӣ” ҳамчун тақлид ба омодагии ҷангии нерӯҳо хидмат мекунаду манёврҳои Беларус ва Русия яке аз шаклҳои таъмини сулҳ мебошад.
Ба канали шореҳи низомӣ Александр Хроленко дар "Telegram" пайвандед.