ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Қосим Вализода, намояндаи "Сомон эйр" мегӯяд, пандемия таъсирашро ба таъминоти ғизои муштариёни ширкат низ расонид.
Ӯ ин нуктаро зимни нишасти хабарие дар Душанбе ва посух ба эътирози мусофирон дар бораи надодани хӯрок дар зимни парвоз изҳор дошт.
Номбурда гуфт, аз танқиди ширкат дар ин бора дар ВАО ва шабакаҳои иҷтимоӣ бохабаранд ва ин вазъ тағйир хоҳад кард.
"Аз оғози сол мо бо ширкатҳои таъминкунандаи ғизо чанд бор дидор доштем. Дар нақша дорем, аз моҳи марти соли ҷорӣ ба мусофироне, ки беш аз се соат парвоз доранд, хӯроки гарм диҳем. Мисли даврони пеш аз пандемия",- гуфт Вализода.
Мавриди зикр аст, ки ин ширкат то кунун ба мусофирон ҳангоми парвоз танҳо як бутербурот ва об медиҳад.
Намояндаи ширкат гуфт, бо дарназардошти пешниҳодҳои Асотсиатсия байналмилалии ҳавонавардӣ, тасмим гирифта шуда, ки барои паст кардани сатҳи тамоси миёни ҳайати ҳавонавардон ва мусофирон, таъмини бехатарии худи мусофирон расонидани хӯрок бозбинӣ шавад.
Дар робита ба ин ширкати мо тасмим гирифт, ки ба хотири бехатарӣ "бутерброд"-ҳоро дар шакли баста пешниҳод кунад.
Ин тасмими ширкат танқиду эътирозҳои шадидеро дар расонаҳои иҷтимоӣ дошту дорад.
Мусофирон аз он шикоят доранд, ки бо вуҷуди гирифтани пули ҳангуфт барои чипта ширкат қодир нест, хӯрок диҳад.