Сайёҳати додситони кулли Тоҷикистон дар устони Форс

Додситони кулли Тоҷикистон дар доираи сафари кориаш ба Теҳрон ба устони Форс рафт, то аз маконҳои мазҳабӣ, фарҳангӣ ва таърихии Шероз дидан кунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон дар як сафари ғайрирасмӣ ба устони Форс рафт ва аз маконҳои мазҳабӣ, фарҳангӣ ва таърихии Шероз дидан кард, иттилоъ додааст радиои "Садои Хуросон".
Бинобар иттилои манбаъ, нахуст додситони кулли Тоҷикистон меҳмони раиси кулли додгустарии устони Форс ва додситонии умумӣ ва инқилоби Шероз шуда, сипас дар остонҳои муқадаси Аҳмадӣ ва Муҳаммадӣ ва зиёрати Шоҳчароғ (а) аз оромгоҳи шоирони номдор Ҳофизи Шерозӣ ва Саъди Шерозӣ дидан кардааст.
Ҳамчунин Юсуф Раҳмон зимни сафари ғайрирасмиаш ба Эрон аз маҷмуаи ҷаҳонии Тахти Ҷамшед низ боздид кард.
Имзои Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ миён Тоҷикистону Эрон дар масоили қазоӣ
Гуфта шудааст, ки додситони кулли Тоҷикистон дар поёни сафари якрӯзааш зимни имзои дафтари ёдбуди маҷмуаи ҷаҳонии Тахти Ҷамшед аз ҳузур ва ошноӣ бештар бо фарҳанги ғании Эрон ибрози хурсандӣ кардааст.
Ёдовар мешавем, ки қаблан додситони кулли Тоҷикистон бо ҳамтои эрониаш дар умури қазоӣ Ёддошти тафоҳуме ба имзо расонда буд.