ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Уҳдадориҳои Русия дар мавриди таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон пурра иҷро мешаванд.
Дар ин бора директори Департаменти сеюми кишварҳои ИДМ-и Вазорати корҳои хориҷии Русия Александр Стерник дар мусоҳиба бо РИА "Новости" иттилоъ дод.
"Русия уҳдадориҳои худро дар ин замина, аз ҷумла таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон иҷро мекунад", - таъкид кард ӯ.
Стерник ёдовар шуд, ки дар охири соли 2021 аз ҷониби Русия барои модернсозии нерӯҳои мусаллаҳ ва нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон миқдори зиёди техникаи низомӣ, таҷҳизот, силоҳ ва муҳимоти ҷангӣ интиқол дода шудааст.
"Ин ба иттифоқчиёни мо дар таҳкими ҳифзи қитъаҳои кӯҳии душворгузари сарҳад кумак мекунад", - афзуд сиёсатмадор.
Вай гуфт, ки иҷрои тарҳи муштараки бунёди посгоҳи марзӣ дар як минтақаи муҳим аллакай оғоз шудааст. Дар ин хусус созишномаи дахлдори байниҳукуматӣ имзо шуда, аз ҳисоби буҷет маблағ ҷудо гардидааст.
Сиёсатмадор ҳамчунин аҳамияти пойгоҳи 201-умро барои ҳифзи марзҳои Тоҷикистон ва сарҳадҳои ҷанубии СПАД арзёбӣ кард.
"Пойгоҳ бо таҷҳизоти муосири низомӣ муҷаҳҳаз буда, кафили амнияти на танҳо Тоҷикистон, балки дар маҷмуъ Осиёи Марказӣ мебошад", - хулоса кард Стерник.
Ёдовар мешавем, ки пойгоҳи низомии 201-и Русия, ки дар Тоҷикистон мустақар аст, бузургтарин пойгоҳи низомии Русия дар берун аз марзи он аст. Он дар ду шаҳр - Душанбе ва Бохтар ҷойгир аст.
Қаблан Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон идеяи таъсиси “камарбанди амниятӣ” дар атрофи Афғонистонро матраҳ карда буд.
Зарурати ин иқдом, ба гуфтаи раҳбари Тоҷикистон, бар пояи хатари вуруди ҷангҷӯён аз шимоли Афғонистон ба қаламрави СПАД пеш омадааст.