Раиси парлумони Тоҷикистон ҳамтои эрониашро бо Рӯзи миллӣ табрик кард

Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар як паёме фаро расидани Рӯзи миллии Эронро ба раиси Маҷлиси Шӯрои Исломӣ табрик гуфт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Муҳаммадтоҳир Зокирзода, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар паёме фаро расидани Рӯзи миллии Эронро ба Муҳаммадбоқири Қолибоф, раиси Маҷлиси Шӯрои Исломӣ табрик гуфт, иттилоъ додааст радиои "Садои Хуросон".
Дар паёми худ раиси парлумони Тоҷикистон изҳор доштааст, ки дар партави арзишҳои дӯстӣ ва бародарӣ ва муштаракоти таърихии мардумони ҳамзабон ва ҳамфикри Тоҷикистон ва Эрон муносиботи байнипарлумонии ду кишвар пайваста рушд ва тавсеа хоҳад ёфт.

“Заминасозӣ ҷанбаҳои ҷадиди созанда шуда, тавсеаи бештар пайдо хоҳад кард ва сабаби густариши беш аз пеши ҳамгароиҳо дар ҳавзаи қонунгузории ҳар ду тараф бо дастовардҳои эътимодбахш хоҳад шуд”, - таъкид кардааст Муҳаммадтоҳири Зокирзода.

Ҳамчунин раиси парлумони Тоҷикистон дар паёми худ ба Муҳаммадбоқири Қолибоф, раиси Маҷлиси Шӯрои Исломӣ саломатӣ, саодати рӯзгор ва барои кишвари Эрон пешрафт ва шукуфоӣ таманно кардааст.
Юсуф Раҳмон бо дастовардҳои электронии қазоии Эрон ошно шуд
Ёдрас менамоем, ҳамкориҳои Тоҷикистону Эрон пас аз интихоби Cайидиброҳими Раисӣ ба унвони раисҷумҳури ҷадиди Эрону сафари ӯ ба Тоҷикистон ва дидор бо Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯ ба густариш ниҳодаанд.
Байни ду кишвар зиёда аз 170 созишномаю тафоҳумнома ва дигар санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расидаанд.
Дар ҳамкории иқтисодии миёни ду кишвар Комиссияи ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангии Тоҷикистону Эрон нақши муҳим дорад ва то имрӯз 14 нишасти ин комиссия дар Душанбе ва Теҳрон баргузор шудааст.