Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Қирғизистон ба хонаводаҳои қурбониёни даргирии марзӣ маблағ дод

Вазорати меҳнат, ҳифзи иҷтимоӣ ва муҳоҷирати Қирғизистон онҳоеро, ки дар даргирҳои марзӣ хисорот дидаанд, барои як дафъа кумак кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Хонаводаҳои қурбониёни ҳодисаҳои рӯзҳои 28-30 апрели вилояти Бодканд беш аз 37,5 миллион сомонӣ кумак дарёфт карданд.
Дар ин бора Sputnik Қирғизистон бо такя ба дафтари матбуотии Вазорати меҳнат, ҳифзи иҷтимоӣ ва муҳоҷирати Қирғизистон хабар додааст.
Ҳамин тавр тибқи қарори Вазорати меҳнати Қирғизистон:
ба хонаводаҳои ҳалокшудагон як миллион сом (беш аз 133 ҳазор сомонӣ);
ба шаҳрвандони захмишуда вобаста ба зарарашон аз 50 то 100 ҳазор сом кумак шудааст
То 1 январ ба 137 нафар ба маблағи 37 миллиону 536,75 ҳазор сом кумаки яквақтаи пулӣ дода шудааст:
ба хонаводаҳои ҳалокшудагон (31 нафар) — 31 миллиону 155 ҳазор сом;
зарардидагон (106 нафар) — 6 миллиону 381,75 ҳазор сом.

Танишу созиши апрелӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 28 апрел дар пайи як баҳс сари дарғоти “Головной” шиддат гирифта, 29 апрел ба даргирии мусаллаҳона миёни низомиёни ду кишвар печид.
Теъдоди қурбониён аз ҳар ду тараф беш аз 55 нафарро ташкил медиҳад.Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки дар пайи муноқишаи мусаллаҳонаи марзӣ 87 тан захмӣ шуда, 19 нафар ба ҳалокат расидаанд. Қирғизистон аз ҳалокати 36 шаҳрвандаш дар ин даргирӣ хабар дод.

Муноқишаи январӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Даргирии ахири миёни Тоҷикистону Қирғизистон 27 январ рух дод. Душанбею Бишкек ҳамдигарро дар ташаннуҷи вазъ ва оғози тирпаронӣ муттаҳам мекунанд.
Расман мақомоти Тоҷикистон то 28 январ теъдоди кушташудагони даргирии ахирро 2 нафари мулкӣ гуфта, афзуданд, ки 10 нафар, аз ҷумла 6 низомию 4 мулкӣ маҷруҳ гардидаанд. Бархе манобеи Sputnik Тоҷикистон теъдоди маҷруҳон аз ҷониби Тоҷикистонро 13 нафар мегӯянд.
Тоҷикистон ва Қирғизистон 81 километр марзи дигарро мушаххас карданд
Ҷониби Қирғизистон шумори захмиёнашро 12 нафар гуфтааст, ки ҳамаашон низомӣ буда, талафоти ҷонӣ дар ин кишвар бар асари ин ҳаводис сабт нашудааст.
Баъдан Қирғизистон ва Тоҷикистон дар бораи оташбаси комил дар марз ва ҳамчунин дар бораи хуруҷи нерӯҳои изофӣ ва техника ба ҷойҳои мустақар ба мувофиқа расиданд.
Рӯзи 7 феврал Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба аломатгузории марз ба кори худ шурӯъ кард.
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Ҳукумати Қирғизистон замону макони музокироти марзӣ бо Тоҷикистонро гуфт
Ҳукумати Қирғизистон замону макони музокироти марзӣ бо Тоҷикистонро гуфтҲукумати Қирғизистон эълон кард, ки бо Тоҷикистон дар мавриди замону макони музокироти навбатии марзӣ созоиш шудааст07.02.2022
Аз 10 то 15 феврал дар хоки Қирғизистон гуфтушуниди навбатии намояндагони мақомоти ду кишвар барпо мегардад.
Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки феълан ҳудуди 519 километри он муайян шудааст. Номуайянии қисматҳои боқимондаи марз мунтазам боиси муноқиша дар сарҳад мешавад, ки баъзан ба хунрезӣ мепечад.