Аз 18 дараҷа гармӣ то 38 дараҷа сардӣ: пешгӯии обуҳавои Тоҷикистон

Дар қисмати шарқии Тоҷикистон сардӣ ҳамоно ҳукмфармост, аммо дар ҷануб бошад, гармӣ то 18 дараҷа мерасад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik.Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар буда, тормеғ (туман) мефарояд, иттилоъ доданд аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ "Ховар".
Дар ВМКБ ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои алоҳидаи ғарби вилоят дар баъзе ҳолатҳо бориши сусти барф ба амал омада, дар ноҳияҳои шарқи вилоят асосан ҳавои бебориш дар назар аст, хабар медиҳад Агентии обуҳавошиносии кишвар.
Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 10-15 дараҷа ва рӯзона 0-5 дараҷа хунук мешавад. Дар шарқи вилоят шабона 21-26, дар баъзе минтақаҳо то 31-36 дараҷа ва рӯзона 6-11 дараҷа хунук, дар баъзе минтақаҳо то 18-23 дараҷа сард мешавад.
Сокинони Суғдро бошад, ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар буда, дар баъзе ноҳияҳои минтақа тормеғ (туман) мефарояд.
Дар водиҳо ҳаво шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм, рӯзона 5-10 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 9-14 дараҷа хунук, рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм мешавад.
Чанд фоизи пешгӯии ҳавошиносони тоҷик дар соли 2021 дуруст буд?
Хатлониёнро низ ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш интизор буда, дар ноҳияҳои алоҳидаи ин минтақа тормеғ (туман) мефарояд.
Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5, рӯзона 13-18 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 1-6 дараҷа хунук, рӯзона 5-10 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбандаи асосан бебориш дар назар буда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ (туман) мефарояд.
Ҳаво дар водиҳо шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм, рӯзона 9-14 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3-8 дараҷа хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 10-15 дараҷа хунук, рӯзона 1-6 дараҷа гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 0-5 дараҷа хунук мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар буда, ҳаво шабона 0-2 дараҷа хунук, рӯзона 12-14 дараҷа гарм мешавад.