ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Ҳоҷӣ Додгул, муовини Иттиҳоди саррофони Афғонистон гуфт, бозори арзи Сарои Шаҳзода ба далели ҷаласаи саррофон баста шудааст, иттилоъ додаст сомонаи “Парс тудэй”.
Аммо муовини Иттиҳоди саррофони Афғонистон дақиқ нагуфтааст, далели аслии баста шудани ин марказ дар чист.
Вай афзуд, саррофон дар бораи масоили дохилӣ дар ҷаласа гуфтугӯ мекунанд.
Муовини Иттиҳоди саррофон ҳамчунин мамнуияти дастфурӯшии озоди арз дар Сарои Шаҳзодаро ҳам таъйид кард.
Гуфта мешавад, Сарои Шаҳзода ба далели шароити нави Бонки марказии Афғонистон баста шудааст.
Бонки марказии Афғонистон эълон кардааст, ки давлат шартҳои нуҳмоддаиро барои гирифтани иҷозатномаи ширкатҳои хадамоти пулӣ ва саррофӣ ҷорӣ кардааст.
Тибқи ин шароит, дар шаҳрҳои бузург, аз ҷумла Кобул, Ҳирот, Қандаҳор ва Балх фарди дархосткунандаи иҷозатнома бояд ҳадди ақал 50 миллион афғонӣ сармоя дошта бошад.
Бар асоси шароити ҷадид, фароҳамкунандагони хадамоти пулӣ ва саррофӣ бояд панҷ миллион афғонии тазминӣ дар Бонки марказӣ дошта бошанд ва ин миқдор ҳангоми бекор кардани иҷозатнома қобили бозпардохт аст.