ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Тоҷиддин Ҷӯразода, раиси Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки соли сипаригардида ба кишвар 296 ҳазор сайёҳи хориҷӣ ба кишвар омадаанд.
Вай афзуд, ки дар кишвар барои баланд бардоштани сатҳи хидматрасонӣ дар бахши сайёҳӣ 290 субъекти сайёҳӣ фаъолияти густурда дорад.
“Аз ин омор 182 меҳмонхона, 30 адад ҳостел ва мотелҳо, 50 осоишгоҳ ва дигар марказҳои солимгардонӣ, муолиҷавӣ ва истироҳатӣ, кемпингҳо ва чор адад пойгоҳи сайёҳию истироҳатӣ ба сайёҳон хизмат мерасонанд”, - гуфт оқои Ҷӯразода.
Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ ҳамчунин иттилоъ дод, ки соли гузашта кумита муаррифии имконияти сайёҳии кишвар дар дохил ва хориҷи ҷумҳуриро ба роҳ монда, ба хотири эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, беҳтар намудани симои сайёҳии ҷумҳурӣ дар арсаи байналмилалӣ ва ҷалби сармоя ба рушди инфрасохтори соҳа 40 чорабинии гуногунро дар сатҳи миллию байналмилалӣ баргузор кард.
“Кумита ҳамкории байналмилалиро бо мақомоти сайёҳии кишварҳои хориҷӣ тавсеа бахшида, дар ин самт санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расонидааст, ки дар рушди минбаъдаи соҳаи сайёҳии мамлакат нақши муассир мегузоранд”, - афзуд оқои Ҷӯразода.