ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон дар шаҳри Теҳрон дар дидор бо Муҳаммади Козимифард, раиси Маркази омору фанноварии иттилооти қувваи қазоия бо иқдомоти суратгирифта дар заминаи ҳушмандсозии фарояндҳои қазоӣ ошно шуд, иттилоъ додааст хабаргузории “Форс”.
Тибқи иттилои манбаъ, дар ин дидор раиси Маркази омор ва фанноварии иттилооти қувваи қазоияи Эрон зимни ташреҳи дастовардҳои ин марказ ҷиҳати ироаи хадамоти электронии қазоӣ ба мардум ба муаррифии бархе аз сомонаҳои роҳандозишуда, аз ҷумла сомонаи эҳрози ҳувияти бархат (онлайн), додгоҳҳои бархат, сомонаи иблоғу сано, барнома (эпликейшен)-и адолати ҳамроҳ (телефон), сомонаи судури гувоҳии надоштани доғи судӣ, пойбанди электронӣ гуфт: “Ин марказ омодагӣ дорад, таҷрибиёти худро дар заминаи ҳушмандсозии фарояндҳои қазоӣ дар ихтиёри дастгоҳи қазоии кишвари Тоҷикистон қарор диҳад”.
Дар идома Юсуф Раҳмон зимни ин дидор хостори ҳамкорӣ ва интиқоли таҷрибиёт ва дониши фаннӣ дар заминаи ироаи хадамоти қазоӣ ба сурати электронии қувваи қазоияи Эрон ба дастгоҳи қазоии Тоҷикистон шуд.
Ёдрас менамоем, ки чанде пеш миёни Тоҷикистону Эрон Ёддошти тафоҳуми ҳамкориҳои қазоӣ ба имзо расид.
Ба иттилои манбаъ, пешгирӣ, кашф, таҳқиқ ва таъқиби муҷримон, ҳамкорӣ дар мубориза бо ҷиноятҳо, табодули таҷрибиёт ва иттилоот дар хусуси мавзуъҳои мавриди алоқаи муштарак ва равияҳои ҷиноӣ, ройзанӣ барои ҳамкориҳои ҳуқуқӣ аз ҷумлаи муҳтавои ин ёддошти тафоҳум аст.
Ҳамчунин дар муҳтавои ин ёддошт таҳия ва баррасии дархостҳои вижаи истирдод ва мавзуъҳои ҳуқуқии мутақобил дар умури кайфарӣ, умури марбут ба ҷароими идорӣ ва табодули иттилоот дар мавриди низомҳои ҳуқуқӣ ва қонунҳои дохилии кишвари худ зикр шудааст.
Ҳамзамон табодули таҷрибаҳо дар мубориза бо ҷиноятҳо, аз ҷумла ҷиноятҳои созмонёфта, терроризм, ифротгароӣ, фасод, қочоқи аслиҳа, маводи мухаддир ва маводи равонгардон, ҷиноятҳои иқтисодӣ ва фанновариҳои пешрафта, анвои дигар ҷароиме, ки таҳдиди ҷиддӣ барои ҷомеа ҳастанд, аз ҷумла бозгардондани дороиҳо ва амволи ба дастомада аз муҷрим аз дигар бандҳои мавриди тафоҳуми ду тараф аст.