Театри тоҷик - меҳмони вижаи чиҳилумин Ҷашнвораи байналмилалии театрии “Фаҷр” дар Эрон

Ду гурӯҳе аз театрҳои ба номи Абулқосими Лоҳутӣ ва Меҳрубон Назаров аз Тоҷикистон дар чиҳилумин Ҷашнвораи байналмилалии театрии “Фаҷр” ба унвони меҳмони вижа ҳузур хоҳанд ёфт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Ду гурӯҳе аз театрҳои давлатии ба номи Абулқосим Лоҳутии шаҳри Душанбе ва Меҳрбон Назарови шаҳри Хоруғи Тоҷикистон ба унвони меҳмони вижа дар 40-умин Ҷашнвораи байналмилалии театри “Фаҷр” ҳузур ёфта, намоиши “Фирдавсӣ” ва “Лаъли Бадахшон”-ро иҷро хоҳанд кард, иттилоъ додааст хабаргузории "Форс".
Ҳузури ин ду гурӯҳи театрии тоҷик дар Ҷашнвораи театри "Фаҷр" дар ростои иҷрои банди шашуми баёнияи муштараки руасои ҷумҳуриҳои Эрону Тоҷикистон мабнӣ бар густариши ҳамкориҳои фарҳангии миёни ду кишвари ҳамфарҳанг ва ҳамзабон аст, ки дар 18 сентябри соли 2021 дар Душанбе ба имзо расидааст.
Қобили зикр аст, ки намоиши “Фирдавсӣ” бо коргардонии Султон Усмонов, бар асоси достони “Шоҳнома” ва румони “Фирдавсӣ”, асари нависандаи машҳури фақиди тоҷик Сотим Улуғзода таҳия шуда, дар соли 2019 барандаи шоҳҷоизаи Ҷашнвораи театрҳои ҳирфаии Тоҷикистон шуда буд.
Собирӣ: Ҳеҷ кишваре ба андозаи Эрон ба Тоҷикистон дилбастагӣ ва иртиботи наздик надорад
Намоиши "Лаъли Бадахшон" ба мавзуи ахлоқ ва маънавият ихтисос ёфтааст ва дар Ҷашнвораи “Парасту 2021” муваффақ ба дарёфти мақоми севум шуда буд.
Дар чаҳорчӯби Ҷашнвораи байналмилалии театри "Фаҷр" 14 феврал нишасте дар ростои муаррифии фарҳангу ҳунари Тоҷикистон, бахусус ҳунари намоишӣ ва ҳамчунин намоишгоҳи аксу постерҳои театри Тоҷикистон дар назар гирифта шудааст, ки дар он теъдоде аз мақомоти давлатӣ ва шахсиятҳои фарҳангии Эрону Тоҷикистон суханронӣ ва табодули назар хоҳанд кард.
Ошноӣ бо мавзеъҳои фарҳангӣ, таърихӣ ва табиии Теҳрон ва ҳамчунин зиёрати оромгоҳи Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ дар Тӯс, аз Умари Хайёму Аттор дар Нишобур аз барномаҳои дигари ҳунармандони театри тоҷик дар Ҷашнвораи театрии “Фаҷр” ҳастанд.