Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

СПАД омодааст, ба Душанбе ва Бишкек дар рафъи ихтилофоташон кумак кунад

Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ умедвор аст, ки Тоҷикистону Қирғизистон низоъ дар марзро бо роҳи мусолиматомез ҳал мекунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ омодааст, ба Душанбе ва Бишкек барои ҷилавгирӣ аз ҳодисаҳои нав дар минтақаи марзӣ кумак кунад.
Дар ин бора дар мусоҳиба бо РИА "Новости" намояндаи доимии Русия дар ин созмон Микаэл Агасандян иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, созмон дар ҳар лаҳза омодааст, ки ба хотири ҷилавгирӣ аз даргириҳо ба ду кишвар кумак кунад.
"Мо аз тавофуқоти тарафҳо дар мавриди оташбас, хуруҷи нерӯҳои мусаллаҳ аз марз ва посбонии муштараки ин минтақа истиқбол мекунем. Табиист, ки кишварҳои узви СПАД дар ҳар лаҳза омодаанд, дар рафъи зиддиятҳои миёни Душанбе ва Бишкек, ки ба миён омадаанд, ҳамаҷониба кумак кунад", - гуфт Агасандян.
Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ умедвор аст, ки мардуми бародар ва раҳбарияти ҳар ду кишвар ин дафъа низ барои ҳалли дипломатии ихтилофоти мавҷуда хирадмандии суннатии худро нишон хоҳанд дод.
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Ҳукумати Қирғизистон замону макони музокироти марзӣ бо Тоҷикистонро гуфт
Ба гуфтаи Агасандян, ҳодисаи мусаллаҳонаи рӯзи 27 январ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, ки боиси талафот ва захмӣ шудани теъдоде аз шаҳрвандони ҳар ду ҷониб шуд, Созмони Милали Муттаҳидро нигарон кардааст.
Пас аз задухӯрд дар марз Станислав Зас, дабири кулли СПАД бо Насрулло Маҳмудзода, дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон ва Марат Имонқулов, дабири Шӯрои амнияти Қирғизистон телефонӣ суҳбат карда, хостори оташбаси фаврӣ шуд.

Муноқишаи январӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Даргирии ахири миёни Тоҷикистону Қирғизистон 27 январ рух дод. Душанбею Бишкек ҳамдигарро дар ташаннуҷи вазъ ва оғози тирпаронӣ муттаҳам мекунанд.
Расман мақомоти Тоҷикистон то 28 январ теъдоди кушташудагони даргирии ахирро 2 нафари мулкӣ гуфта, афзуданд, ки 10 нафар, аз ҷумла 6 низомию 4 мулкӣ маҷруҳ гардидаанд. Бархе манобеи Sputnik Тоҷикистон теъдоди маҷруҳон аз ҷониби Тоҷикистонро 13 нафар мегӯянд.
Тоҷикистон ва Қирғизистон 81 километр марзи дигарро мушаххас карданд
Ҷониби Қирғизистон шумори захмиёнашро 12 нафар гуфтааст, ки ҳамаашон низомӣ буда, талафоти ҷонӣ дар ин кишвар бар асари ин ҳаводис сабт нашудааст.
Баъдан Қирғизистон ва Тоҷикистон дар бораи оташбаси комил дар марз ва ҳамчунин дар бораи хуруҷи нерӯҳои изофӣ ва техника ба ҷойҳои мустақар ба мувофиқа расиданд.
Рӯзи 7 феврал Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба аломатгузории марз ба кори худ шурӯъ кард.
Ҳукумати Қирғизистон замону макони музокироти марзӣ бо Тоҷикистонро гуфтҲукумати Қирғизистон эълон кард, ки бо Тоҷикистон дар мавриди замону макони музокироти навбатии марзӣ созоиш шудааст07.02.2022
Аз 10 то 15 феврал дар хоки Қирғизистон гуфтушуниди навбатии намояндагони мақомоти ду кишвар барпо мегардад.
Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки феълан ҳудуди 519 километри он муайян шудааст. Номуайянии қисматҳои боқимондаи марз мунтазам боиси муноқиша дар сарҳад мешавад, ки баъзан ба хунрезӣ мепечад.
Ёдовар мешавем, ки дар ҳамоиши "Амнияти дастаҷамъӣ дар давраи нав: таҷриба ва дурнамои фаъолияти СПАД" дабири кулли СПАД Станислав Зас, муовинони вазирони корҳои хориҷии Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон ширкат доранд.
Ин чорабинӣ дар Клуби мубоҳисавии байналмилалии "Валдай" баргузор мешавад.