Амонзода гуфт, Тоҷикистон чанд бекор дорад: сатҳи болотарин дар ВМКБ

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, барои пайдо кардани кор ба ин ниҳод беш аз 141 ҳазор нафар муроҷиат кардаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Аз 141,8 ҳазор корҷӯе, ки ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон муроҷиат кардааст, дар соли 2021 расман 58,9 ҳазор нафар мақоми бекорро гирифтанд.
Дар ин бора Ширин Амонзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.
Амонзода изҳор дошт, ки дар маҷмуъ тайи соли гузашта 2 миллиону 480 ҳазор нафар дар иқтисодиёт фаъол буданд.
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ расман 106,2 ҳазор нафар ҳамчун корҷӯй сабт шудаанд. Ин ниҳод мегӯяд, сатҳи нисбатан баланди бекорӣ дар ВМКБ ба қайд гирифта шудааст, ки ба 6% баробар буда, ин нишондод дар навоҳии тобеи ҷумҳурӣ - 2,9%, Хатлон - 2% ва дар Суғд - 1,9%-ро ташкил медиҳад.
Муҳоҷирати тоҷикистониён се баробар зиёд шуд: шарҳи вазири меҳнат
Дар мавриди кумакпулӣ дар давраи бекорӣ зикр гардид, ки соли 2021 ба 13 ҳазор нафар ҳудуди 7,5 миллион сомонӣ ҷудо гардид.
Ба иттилои Амонзода, тайи соли гузашта ниҳоди таҳти идорааш ба беш аз 205,7 ҳазор нафар дар масоили гуногун хизматрасонӣ шудааст. Аз ҷумла 70,6 ҳазор нафар бо кор таъмин гардидаанд.
Дар ин миён 7 ҳазор нафар аз ҳисоби квотаҳо, 3,3 ҳазор нафар аз тариқи гирифтани қарзҳои хурд ба маблағи 10,3 миллион сомонӣ, 8,2 ҳазор нафар дар ярмаркаҳои ҷойҳои холии корӣ ва 42,3 ҳазор нафари дигар бо роҳҳои дигар соҳиби ҷои кор шуданд.