ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Генерал-полковник Рустам Назарзода, роҳбари Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда зимни нишасти матбуотӣ дар шаҳри Душанбе гуфт, бартараф кардани авоқиби садамавиву наҷот яке аз самтҳои муҳими фаъолияти кумита мебошад.
Вай гуфт, дар соли 2021 наҷотдиҳандагони КҲФ 758 (соли 2020 – 781) корҳои фавриеро анҷом ва дар натиҷа 188 нафарро аз ҳар гуна хатарҳо наҷот доданд.
Инчунин вай илова кард, ки имдодгарони ин ниҳод дар як сол 192 амалиёти ҷустуҷӯ ва наҷотро дар обҳои кишвар анҷом додаанд.
“Дар баратараф намудани паёмадҳои 9 ҳодисаи лағзиши тарма, 20 ҳодисаи омадани сел ширкат кардаанд”, - гуфт генерал Назарзода.
Ҳамзамон роҳбари КҲФ иттилоъ дод, ки бо даъвати шаҳрвандон оби пуршуда ва хатарзои 40 таҳхонаро кашидаву манбаи хатарро аз байн бурдаанд.