Маҳдудият дар роҳи Душанбе - Хуҷанд: кай роҳ пурра боз мешавад?

Дар пайи бориши шадиди барф дар шаби гузашта роҳи Душанбе - Хуҷанд, ки пойтахти Тоҷикистонро бо вилояти Суғд мепайвандад, қисман масдуд шуд. Ин иқдом барои тоза кардани тарма дар мавозее аз ҷода рӯйи даст гирифта шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Ҳаракати нақлиёт дар шоҳроҳи Душанбе - Хуҷанд ба таври якҷониба боз шудааст, хабар медиҳад дафтари матбуотии IRS дар Тоҷикистон.
Муассисаи нигоҳдории ин роҳ қайд кард, ки дар ҳоли ҳозир ҳаракати нақлиёт аз Хуҷанд то Душанбе иҷозат дода шудааст.
Дар самти муқобил тармаи рӯйи ҷода, ки чанд соат пеш роҳро банд кард, тоза карда мешавад.
Манбаъ ҳамчунин афзуд, ки дар соатҳои наздик роҳи мошингарди миёни вилояти Суғд ва пойтахти Тоҷикистон пурра боз мешавад.
IRS тавзеҳ додааст, ки танҳо дар 24 соати гузашта дар ин масири кӯҳӣ 5 тарма фаромадааст, ки дутои онҳо нисбатан бузург будааст. Хушбахтона, дар пайи тармафароӣ хисороти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.
Бе чатр нагардед: Пешгӯии дақиқи ҳавои Тоҷикистон барои як ҳафта
Ҳамзамон 10 мошини боркаш дар километри 69-уми шоҳроҳ ба ҷои амн интиқол дода шудаанд.
Барои рафъи оқибатҳои тармафароӣ даҳҳо техникаи махсуси роҳсозӣ ҷалб шудааст. Корҳои тозакунии роҳ идома дорад.
Ёдовар мешавем, ки як рӯз пеш бар асари бориши барф ҳаракати нақлиёт дар шоҳроҳи Душанбе - Хуҷанд муваққатан қатъ шуда буд.