ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон лоиҳаи тағйирот ба Қонуни буҷа барои соли 2022-ро қабул намуда, ба воридоти имтиёзноки бархе маҳсулоти ниёзи аввал барои таъмини захираҳои давлат иҷозат доданд.
Карим Гулмуродзода, ноиби вазири молияи Тоҷикистон зимни муаррифии тарҳ гуфт, воридоти маҳсулоти озуқа, нуриҳои минералӣ, сӯзишвории дизелӣ ва бензин бидуни пардохти боҷи гумрукӣ, андоз аз арзиши иловашуда ва аксиз сурат мегирад.
Вай таъкид намуд, ки ин сабукӣ ба Агентии захираҳои моддии давлатии назди ҳукумат дар соли 2022 дода шудаст.
Ба гуфтаи Гулмуродзода, ҳаҷм ва номгӯи молҳоро, ки бидуни пардохти боҷ, андоз ва аксиз ворид мешавад, ҳукумат тасдиқ мекунад. Таъкид шудааст, ки маҳсулоти аз тариқи усули имтиёзнок воридгардида барои ташаккули захираҳои давлатӣ равона мешаванд.
Феълан дар мавриди ҳаҷми мушаххас, ки бояд бе пардохти боҷу андоз ворид гардад, иттилое дастрас нест. Ҳамчунин маълум нест, ки ин иқдом то куҷо ба нарх дар бозор таъсир хоҳад кард.
Маврид ба зикр аст, ки одатан Агентии захираҳои моддӣ дар Тоҷикистон дар ҳолатҳои болоравии якбораи нарх дар бозорҳо аз ҳисоби захираҳояш моли нисбатан арзонро пешниҳод мекунад, то аз афзоши бештари нахр ҷилавгирӣ карда шавад.