Тартиботи вуруд ба Қазоқистон тағйир ёфт

Тағйирот ба шаҳрвандони Қазоқистон ва хориҷиёне, ки аз алоқаи ҳавоӣ истифода мебаранд, дахл дорад. Дар бораи нақлиёти заминӣ ҳанӯз хабаре нест
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 фев — Sputnik. Ҳукумати Қазоқистон тасмим дорад, маҳдудиятҳои муваққатӣ барои вуруд ва хуруҷ аз тариқи фурудгоҳҳо ба ин кишварро лағв кунад, хабар медиҳад Sputnik Қазоқистон.
Ҳамин тавр маҳдудиятҳои зерин бекор карда хоҳанд шуд:
барои рафтани шаҳрвандони Ҷумҳурии Қазоқистон ба дигар давлатҳо тавассути фурудгоҳҳои байналмилалии Қазоқистон;
барои вуруд / транзитӣ / тавассути қаламрави Қазоқистон аз тариқи фурудгоҳҳои байналмилалии шаҳрвандони кишварҳои дорои низоми бидуни раводид, инчунин кишварҳое, ки ҳаракати мустақими ҳавоӣ доранд (парвозҳомунтазам, чартерӣ) - бо назардошти раводид.
Ҳамчунин барои қазоқистониён муҳлати сафарро ба кишварҳои дигар тавассути гузаргоҳҳоро ду баробар кам кардаанд. Акнун онҳо метавонанд дар15 рӯз як бор сафар кунанд.
Ягона тақозо барои вуруд ба кишвар ин аст, ки ҳамаи воридшудагон аз хориҷа бояд шаҳодатномаи манфии санҷиши ПСР барои COVID-19 пешниҳод кунанд, ки дар тӯли 72 соат эътибор дорад.
"То ҳол касе осеб надидаст": маслиҳати ВУХ ба тоҷикони муқими Қазоқистон
Санҷиши ПСР новобаста аз гирифтани вксина супорида мешавад.
Барои кӯдакони то панҷсола шаҳодатномаи ташхис талаб карда намешавад, агар шахси ҳамроҳи ӯ ҳуҷҷати тасдиқкунандаи санҷиши манфӣ дошта бошад.
Ин дар ҳолест, ки пас аз ҳаводиси январӣ дар Қазоқистон парвозҳо муваққатан маҳдуд шуду Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикисон аз шаҳрвандони ин кишвар даъват кард, ки ба далели амниятӣ аз сафар ба ин кишвар худдорӣ кунанд.