Барномаи давлатӣ: Тоҷикистон намояндагиҳои телевизионашро дар Русия тақвият мебахшад

Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, фаъолияти намояндагиҳои телевизионҳои тоҷик дар Русияро тақвият мебахшанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 фев – Sputnik. Таҳкими намояндагиҳои шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон дар Русия бахше аз Барномаи давлатии рушди телевизион то соли 2025 мебошад.
Дар ин бора Нуриддини Саид, раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.
Ӯ гуфт, кушодани намояндагиҳои ҷадиду таҳкими фаъолияти дафтарҳои мавҷудаи телевизиони Тоҷикистон дар Русия, Қазоқистон ва бархе кишварҳои дигар ба далели пандемия каме ба таъхир афтод.
Нуриддин Саид аз нақшаи кӯчондани манора ва идораи телевизионҳои Тоҷикистон гуфт
Нуриддини Саид зикр намуд, ки соли аввали Барномаи давлатии рушди соҳаи телевизиони Тоҷикистон барои то соли 2025 ҷамъбаст шуд, ки 97% иҷро гардид. Ӯ тавзеҳ дод, ки 3%-и иҷронашуда маҳз ба таъхири ифтитоҳу таҳкими намояндагиҳои телевизион дар хориҷи кишвар, аз ҷумла Русия ва Қазоқистон рабт дорад.
Ӯ афзуд, бо муътадил шудани вазъияти марбути пандемияи корона намояндагиҳо дар хориҷи кишвар кушода ва фаъолияташон густурда хоҳад шуд.
Тибқи иттилои раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон, ҳоло дар ҷумҳурӣ 96 шабакаи давлатию хусусии телевизиону студияҳои тавлиди маҳсулоти аудиовизуалӣ фаъолият мекунанд. Аз ин миқдор 14 шабакаи телевизионӣ давлатӣ мебошанд.