ДУШАНБЕ, 8 фев — Sputnik. Штамми коронавирусе, ки пас аз омикрон пайдо мешавад, хатарноктар хоҳад буд.
Дар ин бора дар суҳбат бо радиои Sputnik биофизик Нелли Соседова изҳори назар кардааст.
Мутахассис гуфт, штамми "делта"-и COVID-19, ки авохири соли 2020 кашф шуда буд, дар аввали соли 2021 дар ҷаҳон бартарият пайдо кард.
Моҳи ноябри ҳамон сол омикрон пайдо шуд, ки то нимаи моҳи январи соли 2022 зуд дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон паҳн гардид.
Дар тӯли ду соли ҳамагирӣ олимон тақрибан 10 штамми ин вирусро муайян карданд. Чор навъи он боиси афзоиши миқёси зиёди бемориҳо гардиданд. Суръати сареи таҳаввул аз эҳтимоли пайдо шудани як штамми нави "ҷиддӣ" дар аввали соли 2023 шаҳодат медиҳад.
Ба гуфтаи Соседова, давраи инкубатсияи штамми навбатии коронавирус мисоли омикрон хоҳад буд. Суръати сироятёбӣ аз он низ ба ҳамин гуна зуд хоҳад буд.
Дар барбари ин беморӣ бо штамми нав сабуктар хоҳад гузашт, бовар дорад пизишк.
"Штамми нав оқибатҳои камтар хоҳад дошт. Он аз одам ба одам зуд мегузарад ва давраи инкубатсияаш ба давраи омикрон шабоҳат дорад", - гуфт мутахассис.
Вай қайд кард, ҳама гуна вирус паразитест, ки барои афзоиш ва паҳн шудан ба симбиоз бо интиқолдиҳандаи сироят ниёз дорад. "Мақсад"-и асосии сироят на фавт, балки ҳарчи бештар сироят кардани одамон аст.
"Он гоҳ вирус метавонад мавсимӣ шавад, ба мисли зуком, SARS ва аденовирус", - гуфт Соседова.
Дар суҳбат бо радиои Sputnik, табиб афзуд, ки хатари сироятёбӣ бо ҳама гуна штамми коронавирусро танҳо аз тариқи ваксина метавонад коҳиш ёбад.