Рӯзноманигорон аз ғалатҳои хатибон гуфтанд. Кумита: Кадри арзанда набошад, чӣ кор кунем?

Кумитаи дини кишвар сабаби аслии хонда шудани хутбаҳои "суст" аз ҷониби иддае аз имомхатибонро шарҳ дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 фев — Sputnik. Дар нишасти хабарии Кумитаи дини Тоҷикистон мавзуи хутбаҳои иддае аз имомхатибон баҳси гармеро барпо кард.
Рӯзноманигорон ба раҳбарияти кумита дар бораи он гуфтанд, ки иддаи аз имомхатибон мавзуи тавсиякардаи ин ниҳодро бидуни шарҳ, пурра қироат ва ҳатто баъзе дар зимни қироати он ғалат ҳам мекунанд.
Дар посух ба ин Давлатзода Сулаймон, раиси Кумитаи дин гуфт: "Имомхатибони мо, мутаассифона, дар бисёр ҳолат болои худ кор намекунанд".
"Ҳоло он ки ҳамон хутбае, ки аз ҷониби Маркази исломӣ тавсия карда мешавад, аз яку ним то ду саҳифа аст. Агар мо ҳарф ба ҳарф ҳам хонем, он 10 дақиқа вақтро намегирад",- гуфт Давлатзода.
Ҳаҷ-2022 баргузор мешавад ё на? Посухи Кумитаи дин
Ӯ гуфт, аксари мавъизаҳо ҳудуди ним соат фурсат талаб мекунанд, аммо чаро баъзе аз иммомхатибон наметавонад дар ин вақт нуқтаҳои асосиро шарҳу тавзеҳ диҳанд ё вобаста ба масъалаҳое, ки дар маҳал аст, ба мисоли коста шудани одобу ахлоқ ва ё оилавайронӣ посух диҳанд, суолест, ки ҳанӯз посухи худро пайдо накарда.
Номбурда гуфт, имомхатибон низ дар асоси маҷлиси бошандагони маҳал интихоб мегарданд.

"Дар сурати дар маҳал набудани кадри арзанда мо чӣ кор кунем?",- гуфт Раиси кумита.

Ҳазамон аз раҳбарияи Кумитаи дин пурсида шуд, ки агар сокинон ба ободии масҷид ва ё иншооти ёрирасон иқдом кунанд, аз раҳбари ҷамоат то нозири минтақавию дигар афрод кордор мешаванд, чаро барои ҳимоят аз ин гуна садо баланд намекунанд?
Давлатзода дар посух ба ин пурсиш гуфт, қоида чунин аст, ки пеш аз сохтани иншооти ёрирасон ва ҳатто таъмир низ бояд иҷозатнома гирифт ва ё онро дар мувофиқа бо мақомот анҷом дод.